06:35 26 марти 2017
Пахши мустақим
Ислом Каримов

Лола Каримова: Президент ба сактаи майнаи сар дучор гардид

© Sputnik / Алексей Никольский
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Узбакистон бидуни Ислом Каримов (18)
120 0 0

Ба гуфтаи духтараш, Ислом Каримов ба шӯъбаи эҳё пас аз ба сактаи майнаи сар дучор шуданаш, бистарӣ гардонида шуд. Ҳоло бошад аҳволи ӯро табибон мӯътадил баҳо медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Сарвари Ӯзбакистон Ислом Каримов пас аз сактаи майнаи сар ба беморхона афтидааст, менависад дар саҳифаи  Facebook духтари президент Лола Кармова- Тиллаева.

"Бо мақсади роҳ надодан ба нофаҳмиҳо ман дар ин ҷо дар саҳифаам мехоҳам дар бораи воқеаи ғамангезе, ки рӯзҳои истироҳат дар оилаи бо бо падарам рух дод, нақл кунам. Бо сабаби сактаи майнаи сар ӯ ба беморхона бистарӣ карда шудааст ва дар шӯъбаи эҳё қарор дорад. Аҳволи ӯро табибон мӯътадил баҳо медиҳанд. Ҳоло бошад дар бораи беҳбудии саломатии вай дар оянда ягон пешгӯӣ кардан мушкил аст. Ман аз ҳамаи одамон хоҳиш мекунам, ки тахминҳои худро дар ин масъала баён накунанд ва ҳуқуқи оиларо эҳтиром намоянд ",- навиштааст ӯ дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии худ.

Пештар ВАО-и  Ӯзбакистон хабар дода буд, ки Каримов дар беморхона барои табобати статсионарӣ бистарӣ карда шудааст ва мӯҳлати табобат маълум нест. Дар бораи бемории президент маълумоти муфассал навишта нашуда буд.

Мавзуҳо:
Узбакистон бидуни Ислом Каримов (18)

Мавзуъ

Президенти Ӯзбакистон дар беморхона қарор дорад
Барчаспҳо:
Лола Каримова, Ислом Каримов, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ