Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар Максав табобат мегирад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкАлмосбек Отамбоев. Акс аз бойгонӣ
Алмосбек Отамбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи душанбе маълум шуд, ки Алмосбек Отамбоев бо сабаби бемории дил дар ҷаласаи 71-уми Ассамблеяи Генералии СММ иштирок намекунад. Айни замон раисҷумҳури Қирғизистон дар Маскав қарор дорад.

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Президенти Ҷумуҳрии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба Беморхонаи марказии Маскав барои идомаи табобат ҳозир шуд, хабар медиҳад рӯзи ҷумъа хадамоти матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон.

Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон дафтари матбуоти президенти Қирғизистон хабар дод абду, ки раисҷумҳур бо мақсади табобат гирифтан ба рухсатӣ баромадааст.

Алмосбек Отамбоев. Акс аз богйонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Отамбоев бо сабаби бемории қалб ба ҷаласаи Ассамблеяи генералии СММ нарафт

Рӯзи душанбе маълум шуд, ки Алмосбек Отамбоев бо сабаби бемории дил дар ҷаласаи 71-уми Ассамблеяи Генералии СММ иштирок  намекунад. Айни замон раисҷумҳури Қирғизистон дар Маскав қарор дорад. Бо фармони ӯ ҳайати Қирғизистонро дар ҷаласаи Ассамблеяи Генералии СММ вазири корҳои хориҷии ин кишвар Эрлан Абдилдаев роҳбарӣ кард.Президент бо ҳайати намояндагон зимни фурӯд омадан дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Отатурки Туркия нороҳат шудааст.

"Тибқи тавсияҳои коршиносон ва даъвати ҷониби Русия президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев имрӯз, 23 сентябр, ба Беморхонаи клиникии марказии Идораи корҳои президенти Федератсияи Русия дар шаҳри Маскав барои идомаи таботат дар назди духтуроне, ки қаблан ӯро муоина карда будаанд, ҳозир шуд",-хабар дод хадамоти матбуотӣ.

Дар тбаробари ин муовини сардухтури Беморхонаи клиникии марказии Идоравии президенти Қирғизистон низ ҳозир шуд.Қаблан низ президенти Қирғизистон  дар Русия табобат гирифта буд.

Ҳамчунин хабар дода шуд, ки дар робита бо интихоботи президентӣ дар Узбакистон ва бемории раисҷумҳури Қирғизистон муовини вазири вазорати корҳои хориҷии Русия Григорий Карасин бо сафири Чин дар ФР Ли Хуэй вохӯрда, зимни сӯҳбат вазъияти кунунии Осиёи Марказиро мавриди баҳс қарор дод.

Лентаи хабарҳо
0