Собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрванди Қирғизистон шуданд

© Sputnik / Жоомарт УраимовШиносномаи шаҳрванди Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Шиносномаи шаҳрванди Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зиёда аз 668 соҳиби шаҳрвандии Қирғизистон шуданд. Аксари онҳоро қирғизҳои таҳҷоӣ ва шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯи 5 қарор имзо гузошт: чор қарор оиди додани шаҳрвандӣ ва як қарори дигар бошад оиди маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Мувофиқи чор қарори аввал 668 нафар шаҳрвандии Қирғизистонро соҳиб шуданд. Аксари онҳоро қирғизони этникӣ ва собиқ шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистон, ки ба ватани таърихии худ баргаштаанд, ташкил медиҳанд.

Дар баробари ин дар байни шаҳрвандони нави Қирғизистон зодагони Чин ва шаҳрвандони Украина низ ҳастанд.

Бо қарори панҷум бошад президенти кишвар 144 нафарро аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон маҳрум кард.

Лентаи хабарҳо
0