13:46 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Қабулгоҳи маҷозии Шавкат Мирзиёев дар шабакаи интернетӣ

Ба Мирзиёев аз фаъолияти бонкҳо шикоят мекунанд

© Sputnik
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
17 0 0

Соҳаи бонкӣ-мушкилии асосии шаҳрвандони Ӯзбакистон гардидааст. Шаҳрвандон бештар аз Аграбонк ва филиалҳои муассиса дар кишвар шикоят мебаранд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik.Қабулгоҳи маҷозии сарвазири Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев то ҳол арзу шикоятҳои сокинонро қабул мекунад. Шаҳрвандон ба қабулгоҳ доир ба мавзӯъҳои гуногун муроҷиат мекунанд: хоҳиши ба даст овардани мошин, нафақа, қарз ва ғайра.

Яке аз мавзӯъҳои асосие, ки шаҳрвандони ҷумҳуриро малол кардааст, фаъолияти ин ё он бонк мебошад, хабар медиҳад Sputnik Узбекистан бо истинод ба "Новости Узбекистана".

Муроҷиатҳое, ки дар саҳифаи хадамоти матбуотӣ дар Facebook нашр мешавад — қариб ҳар яки онҳо арзу шикоятҳои тамоми сокинони кишвар аз фаъолияти бонкӣ мебошанд.

Яке аз онҳо шикоят аз "Агробонк" ва флиалҳои он дар таоми кишвар мебошад. Ҳамчунин шикоятҳо аз "Бонки миллӣ" "Траст банк", "Давр банк", "Ипотека банк", "Халқ банк"  ва дигарон ворид мешаванд.

Зани нафақахӯре аз шаҳри Чирчики вилояти Тошкент ба Мирзиёев муроҷиат намуда, аз Бонки миллии кишвар шикоят бурд, ки дар он ҷо гӯё ба вай бе розигии ӯ корти пластикӣ кушодаанд. Пас аз муроҷиат ба ин зан дар муддати кӯтоҳ нафақаашро ба таври нахт пардохт намуданд.

Бояд қайд крад, ки мувофиқи маълумотҳои хадамоти матбуот дар давоми даҳ рӯзи аввали фаъолитяти қабулгоҳи вертуалии сарвазири Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев 15 ҳзр. муроҷиат расидааст. Қабулгоҳи маҷозӣ санаи 25-уми сентябр дар сомонаи gov.uz боз гардид.

Барчаспҳо:
Шикоят аз фаъолияти бонкҳо, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ