13:47 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Заррофа дар боғи ҳайвонот. Акс аз бойгонӣ

Заррофаи Алмаато ба боғи ҳайвоноти Тошканд омад

© Sputnik / Игорь Зарембо
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Баландии қади заррофа-Алатау айни замон ба 4 метр мерасад. Барои ӯ аллакай дар боғи ҳайвонот ҷои махсус омода шудааст.

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Тамошобинони боғи ҳайвонот дар Тошканд барои аввалин бор заррофаро мебинанд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон. Бино ба иттилои роҳбарияти боғи ҳайвонот, заррофа-Алатау, ба ин боғ аз худи Алмаато оварда шудаааст.

"Аввалин бор дар боғи ҳайвоноти мо заррофа пайдо шуд. Заррофа дар доираи барномаи мубодилаи ҳайвонот байни боғҳо аз Алмаато оварда шуд",-гуфт намояндаи боғи ҳайвонот.

Баландии қади заррофаи сесола, ки номаш Алатау мебошад, чор метрро ташкил медиҳад. Барои ӯ аллакай дар боғ ҷойи махсус омода шудааст. Айни замон барои ба боғи ҳайвонот овардани ҷуфти заррофа бо дигар боғоти ҳайвонот гуфтушунид баргузор шуда истодааст. Интизор меравад, ки ҷуфти заррофа ба боғи ҳайвонот баҳори соли 2017 оварда шавад.

Ҳамчунин намояндагони боғи ҳайвонот қайд карданд, ки дар солҳои оянда дар доираи барномаи мубодилаи ҳайвонот ба боғ боз намуди дигари ҳайвонот аз боғҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик дар назар аст.

Чанд рӯз қабл тасодуфан дар боғи ҳайвоноти Алмаато ногаҳон заррофаи дусола, ки Мелман ном дошт вафот кард. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, сабаби марг заҳролудшавӣ шудааст.

Барчаспҳо:
заррофаи се сола, боғи ҳайвонот, Тошканд

Мавзӯъҳои асосӣ