07:59 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Маҳбусони авфшуда. Акс аз бойгонӣ

Эълони қонуни авф дар Ӯзбакистон ё ҷашни қабули Сарқонун

© Sputnik
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Қарор дар бораи авф ба шахсоне, ки ба мӯҳлати зиёд зиндонӣ гаштаанд ва ё дар таркиби гурӯҳи ба амнияти кишвар таҳдидкунанда, ҷиноят содир кардаанд дахл надорад

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik.Палатаи болоии парлумони Ӯзбакистон дар рафти ҷаласаи умумӣ ба муносибати ҷашнвораи 24-умин солгарди қабули Сарқонуни кишвар қонуни авфро қабул кард.

Пештар иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ба парлумони кишвар ин қонунро пешниҳод намуд.

Мувофиқи қонуни мазкур аз ҷавобгарӣ озод кардани ҷиноякороне  пешбинӣ карда мешавад, ки бори аввал  даст ба ҷиноят задаанд, занон, шахсоне, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни балоғат нарасидаанд, маҳбусоне, ки синдашон ба 60 расидааст, шаҳрвандони хориҷӣ, ҳамчунин шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд. Қонуни авф ҳамчунин кӯтоҳ намудани муддати ҳабси маҳбусонеро дар назар мегирад, ки барқасдона ҷиноят содир намудаанд. Шумораи нафароне, ки нисбати онҳо қонуни авф амалӣ мешавад, дертар маълум мегардад.

Қонуни авф ҳамчунин озод намудани шахсонеро ба назар гирифтааст, ки "дар амалиёти ташкилотҳои мамнӯъ, зидди сулҳ ва амнияти кишвар иштирок доштанд ва ҳоло бошад куллан ислоҳ гардидаанд",- оварда мешавад дар матни қарор.

Қарор дар бораи авф ба шахсоне дахл надорад, ки ба муддати зиёд ва ё ҳабси абад ҷазои ҷиноят гирифтаанд ва ё ҳамчунин дар таркиби гурӯҳи ташкилотҳои мамнӯъ ҷиноят содир кардаанд, ки ба сулҳ ва амнияти кишвар ва ҷамъият хатаровар мебошад.

Ҳуқуқи қабул намудани қонун дар бораи авф дар Ӯзбакистон бо оғози фаъолияти парлумони дупалатагӣ, аз моҳи январи соли 2005 бо фармони аввалин президенти ҶӮ истифода бурда мешавад.  Пештар санади мазкур ҳуқуқи истисноии роҳбари давлат буд. Сенати Ӯзбакистон бори аввал қарор дар болаи авфро ба муносибати 13-солагии қабули конститутсия дар Ӯзбакистон қабул кард. Рӯзи Сарқонун дар Ӯзбакистон ҳамасола санаи 8-уми декабр ҷашн гирифта мешавад.

Соли 2005 қонуни авф тақрибан нисбати 55 ҳзр. нафар ҷорӣ гардид, ки аз ҳамин миқдор 3 ҳзр нафари онҳо озод гашта, мӯҳлати ҷазои боқимондагон кӯтоҳ карда шуд, нисбати баъзе ҷинояткорони дигар тафтишоти ҷиноӣ қатъ гардид.

Санаи 2-уми сентябр дар синни 78-солагӣ аввалин президенти Ҷумҳурии Ӯзбакистон аз сабаби бемории сактаи майнаи сар аз олам даргузашт.Дар иҷлосияи муштарак палатати парлумон иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии кишвар Шавкат Мирзиёев таъин карда шуд. Интихоботи президентӣ дар Ӯзбакистон санаи 4-уми декабр баргузор карда мешавад.

Барчаспҳо:
Қабули қонуни авф, Палатаи болоии парлумон ҶӮ, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ