13:45 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Ирина Смирнова, Акс аз бойгонӣ

Дар Қазоқистон барои террористон зиндонҳои махсус месозанд

© Фото: Официальный сайт Мажилиса Парламента Республики Казахстан
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Ин чораандешӣ пеш аз ҳама барои пешгирӣ намудани паҳншавии ғояҳои радикалӣ байни маҳбусони ҷавон андешида шудааст, мегӯяд вакили палатаи поёнии Қазоқистон Ирина Смирнова

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik.Вакили маҷлиси поёнии парлумони Қазоқистон Ирина Смирнова пешниҳод кардааст, ки барои террористон маҳбусхонаи алоҳида бунёд кунанд.

"Бояд бидуни таъхир масъалаи дар Қазоқистон сохтан ва ё ташкил намудани маҳбусхонаҳоро барои зиндониёне, ки тибқи ҷиноятҳои экстемистӣ ва ё террористӣ маҳкум шудаанд дида баромад, то ин ки ин ақидаҳои радикалии худро байни дигарон,  пеш аз ҳама ҷавонон паҳн накунанд",- гуфт Смирнова.

Ӯ қайд кард, ки ташкилотҳои экстремистӣ бо собиқ маҳбусон ҳамкорӣ мекунанд.

"Пас аз ба озодӣ баромадан собиқ маҳбусон имкониятҳои дарёфт намудани дастгириҳои моддӣ ва ё психологии  террористонро дарёфт мекунанд", мегӯяд Смирнова.

Дар Тоҷикистон ҳамчунин мушкилии паҳн гардидани ифродгароӣ дар зиндонҳо дида мешавад.

Барчаспҳо:
террористон, зиндониён, Маҳбусхонаҳои махсус, Ирина Смирнова, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ