00:16 27 феврали 2017
Пахши мустақим
Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ

Отамбоев мехоҳад, ки Мирзиёев президенти Узбакистон шавад

© Sputnik
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ дар Узбакистон (12)
19 0 0

Раисҷумҳури Қирғизистон ёдовар шуд, ки ба роҳ мондани аксари лоиҳаҳои муштараки Қирғизистон, Чин ва Узбакистон бо ин ё он сабаб ба таъхир меафтод ва акнун замони роҳандозии онҳо фаро расид

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Президенти Қирғизистон зимни супоридани эътимодномаҳо ба сафирони чанд кишвар изҳор дошт, ки мехоҳад, Шавкат Мирзиёев президенти Узбакистон интихоб шавад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба "АКИpress".

Қаблан рӯзи чоршанбе хадамоти матбуоти президенти ҶҚ хабар дода буд, ки раисҷумҳури Қирғизистон  бо Мирзиёев сӯҳбати телефонӣ доир намуд. Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо муносиботи байни ду кишварро баррасӣ карданд.

"Мехоҳам, Шавкат Мирзиёев, ки нӯҳ сол аст, ман бо ӯ шинос ҳастам, президенти Узбакистон шавад",-менависад оҷонсӣ аз суханони Отамбоев.

Ба гуфти ӯ ба роҳ мондани аксари лоиҳаҳои муштараки Қирғизистон, Чин ва Узбакистон бо ин ё он сабаб ба таъхир меафтод ва акнун замони роҳандозии онҳо фаро расид.

Президенти Қирғизистон қайд кард, ки "лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбакистон дар рӯзномаи рӯз аст" ва изҳори умедворӣ кард, ки ин лоиҳа роҳандозӣ хоҳад шуд.

"Ман доим мегуфтам, ки Чин-ҳамсояест, ки метавон ба он такя кард, ин кишварест, ки барояш танҳо шукуфоии Қирғизистон лозим аст ва дар баробари ин ба  Қирғизистон ҳеҷ гоҳ шартҳои сиёсӣ намегузорад. Ҳамсояи чунин кишвар будан барои мо боиси шодӣ аст. Ва албатта барои халқи Чин, ки роҳбарии онро чун Си Цзинпин-рафиқи ман, бар ӯҳда дорад, бахти баланд аст",-гуфт Отамбоев.

Рӯзи 2 сентябри соли равон президенти аввалини Узбакистон Ислом Каримов дар синни 78 солагӣ аз олам даргузашт. Сарвазири кишвар Шавкат Мирзиёев президенти муваққатии Узбакистон интихоб гардид. Интихоботи президентӣ дар Узбакистон санаи 4-декабр баргузор мешавад.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ дар Узбакистон (12)

Мавзуъ

Отамбоев ба Мирзиёев дар бастагӣ бо суқути чархбол изҳори ҳамдардӣ кард
Барчаспҳо:
президент, Алмосбек Отамбоев, Шавкат Мирзиёев, Қирғизистон, Узбакистон