14:50 25 марти 2017
Пахши мустақим
Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов. Акс аз бойгонӣ

Президенти Туркманистон кормандони ВКД-ро ба "кишоварзӣ" даъват кард

© Sputnik / Алексей Дружинин
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Масъалаҳои дахлдор дар ҷаласаи Шӯрои амнияти давлатӣ, ки дар бинои нави Раёсати кишоварзии Вазорати корҳои дохилии Туркманистон баргузор гардид, мавриди муҳокима қарор гирифтанд

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон роҳбарони мақомоти қудратиро вазифадор кард,то ба корҳои хоҷагии қишлоқ машғул шаванд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба ВАО-и маҳаллӣ.

Масъалаҳои дахлдор дар ҷаласаи Шӯрои амнияти давлатӣ, ки дар бинои нави Раёсати кишоварзии Вазорати корҳои дохилии Туркманистон баргузор гардид, муҳокима шуданд.

Дар рафти ҷаласа  масъалаи "саҳмгузории ҳайати шахсии кормандони низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар фаъолияти хоҷагиҳои қишлоқ аз ҷумла таъсиси иншооти муосири итеҳсолӣ, хоҷагидорӣ ва чорвордорӣ" баррасӣ шуд.

Баъди ҷаласа президенти Туркманистон бо маҷмааи чорводории назди ВКД-и кишвар шинос шуда, бо шароити нигоҳдории чорво дар ин макон аз наздик ошно гардид.

Дар охири шиносоӣ бо бинои нави Раёсати кишоварзии ВКД-и Туркманистон Бердимуҳаммадов ба намояндагони Шӯрои амният оиди корҳои истеҳсолӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастуру супоришҳо дод.

Ба Шӯрои амнияти Туркманистон роҳбарони ВКД, Хадамоти давлатии сарҳадбонӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Додгоҳи олӣ, Вазорати амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ва Хадамоти муҳоҷират дохил мешаванд.

Мавзуъ

Президенти Туркманистон ба Русия меояд
Туркманистон истиқлолияти хешро ҷашн мегирад
Президенти Туркманистон бо рафти корҳои сохмонӣ дар роҳти оҳан шинос шуд
Барчаспҳо:
даъват ба кишоварзӣ, ҷаласа, ВКД, Бердимуҳаммадов Гурбонгулӣ, Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ