01:03 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Гулнора Каримова, акс аз бойгонӣ

ВАО ба духтари Ислом Каримов “заҳр додааст”

© Sputnik / Валерий Левитин
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
360 0 0

Овазаҳои куштор ва дафни духтари калонии аввалин президенити Ӯзбакистон Ислом Каримов бе асос мебошанд, Гулнора Каримова дар қайди ҳаёт аст

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik.Як қатор ВАО хабар дода буданд, ки духтари калонии аввалин президенти Ӯзбакистон Гулнора Каримова вафот кардааст.

Хабар дар такя ба манбаъ дар Хадамоти амнитияти миллии Ӯзбакистон аз нашр баромад. Чуноне ки ВАО навишта буд,  санаи 5-уми ноябр ба  Гулнораи 44-сола заҳр доданд ва худи ҳамон рӯз ӯро гӯрониданд.

Аммо манбаъ аз наздикони оилаи Каримовҳо ин хабарро рад кард.

"Гулнора Каримова дар қайди ҳаёт аст ва маълумот дар бораи куштори вай асос надорад",- хабар дод ҳамсӯҳбати РИА Новости.

Аммо манбаъ дар куҷо будани духтари Ислом Каримовро нагуфт ва дигар маълуоти иловагӣ надод.

Аввалин президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов санаи 2-уми сентябр дар синни 78-солагӣ аз бемории сактаи майнаи сар вафот кард. Ҳоло муваққатан вазифаи президентиро сарвазири кишвар Шавкат Мирзиёев иҷро мекунад. Интихобот дар Ӯзбакистон санаи 4-уми декабр баргузор мешавад.

 

Барчаспҳо:
куштор, ВАО, Гулнора Каримова, Ислом Каримов, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ