01:02 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Баландгӯяки рӯзноманигорон. Акс аз бойгонӣ

Интихоботи президенти Узбакистонро 1300 журналист “таҳлил” мекунад

© Sputnik / Владимир Федоренко
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ дар Узбакистон (12)
26 0 0

Интихоботи президентӣ дар Узбакистон санаи 4-уми декабри соли равон баргузор мегардад. Санаи 24-ноябр интихоботи пеш аз мӯҳлат шурӯъ шуд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар интихоботи президентии Узбакистон 1300 намояндагони Васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷа муҷаввиз шудаанд, хабар медиҳад раиси КМИ-и Узбакистон Улуғбек Абдусаломов.

"То имрӯз 1300 намояндаи ВАО иҷозатномаи иштирок дар рафти интихоботи президентиро гиирфтааст. Зиёда аз 60 журналисти хориҷӣ аллакай аккредитатсияро соҳиб шудаанд. Дар ҳоли ҳозир мо дигар гурӯҳҳои намояндагони васоити ахборро интизорем",-хабар дод ӯ.

Аввалин президенти Узбакистон Ислом Каримов санаи 2-уми сентябр дар синни 78-солагӣ дар натиҷаи бемории инсулт вафот кард. Собиқ раис ҷумҳур дар зодгоҳаш-шаҳри Самарқанд тариқи маросимҳои исломӣ ба хок супорида шуд.

Интихоботи президентӣ дар Узбакистон санаи 4-уми декабри соли равон баргузор мегардад.  Санаи 24-ноябр интихоботи пеш аз мӯҳлат шурӯъ шуд.

Марказҳои интихоботӣ аз соати 09.00 то 18.00 бо вақти маҳаллӣ то 2-юми декабр фаъол хоҳанд буд.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ дар Узбакистон (12)

Мавзуъ

Журналистони қирғиз сокинони Душанберо самимӣ ва меҳмоннавоз хонданд
Рӯзноманигорони ОМ аз навгониҳои соҳаи журналистика огоҳ мешаванд
Барчаспҳо:
Интихоботи президентӣ, КМИ Ӯзбакистон, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ