19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Корманди маҳбас, акс аз бойгонӣ

Ҳақиқати аз зиндон баромада: дар Ӯзбакистон маҳбуси сиёсӣ баъди 23 сол озод гашт

© Sputnik / Алексей Куденко
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
129 0 0

Наздикони Самандар Қӯқонови 72-сола - маҳбуси сиёсӣ дар Ӯзбакистон ӯро барои барқарор намудани саломатӣ ба санатория равон карданд. Духтари собиқ вакил ин амали ҳукумати Ӯзбакистонро меҳрубонии маҳз номид

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik.Собиқ вакили Шӯрои Олии ҶШС Ӯзбакистон Самандар Қӯқонов ба озодӣ баромад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбакистон.

Қӯқонови 72-сола,  соли 1994 бо ҷурми хиёнат ба амволи давлатӣ  ба 20 сол равонаи зиндон гардида буд. Вай 22 соли ҳаёташро дар зиндон гузаронид, ки ин мӯҳлат дар таърихи истиқлолияти Ӯзбакистон дарозтароин ба ҳисоб меравад. Зеро соли 2014 барои вайрон намудани тартиботи дохилӣ муддати ҳабси ӯро боз ба 2 сол дарозтар карданд.

Пештар ИМА аз Ӯзбакистон даъват намуда буд, ки кишвар ба зудди маҳбуси сиёсиро озод намояд.

Ақидаи истифодабарандагони интернет, ки ин хабарро байни ҳам муҳокима мекарданд, ба ду гурӯҳ ҷудо гардид: касе озод гаштани маҳбуси сиёсиро амали неки минбаъдаи Мирзиёев хонд, касе " ин ҳақиқатест, ки аз зиндон баромадааст" навишт.

Самандар Куканов, архивное фото
Самандар Қӯқонов, акс аз бойгонӣ

"Ман ба шумо гуфта наметавонам, ки ҳоло чӣ аҳвол дорам. Гаҳ аз хурсандӣ гиря мекунам, гаҳ механдам. Ин ҳодиса барои мо ногаҳонӣ-мисли барфи дар тобистон борида мебошад. Зеро мо аллакай санаи 6-уми октябр  интизор будем, ки падармро озод мекунанд, барои он ки санаи ба охир расидани муҳлати ҳабси падарам расида буд. Мо интизор будем, аммо вай наомад..",- нақл кард ба хабарнигори Sputnik Дилшода Рахматова духтари маҳбус Қӯқонова Умеда.

Ба гуфтаи вай дертар ба оилаашон хабар доданд, ки мӯҳлати ҳабси маҳбус боз ба се солу панҷ рӯз зиёдтар карда шуд.

"Барои ин ҳам ин дафъа, вақте ки гуфтанд падарамро озод мекунанд, мо худ бовар накардем, ҳатто ба касе ин хабарро нагуфтем. Падарам бошанд, ин дафъа омаданд. Мо хело ва хело хурсандем: модарам, бародаронам, хуллас ҳаммаамон. Ҳатто меҳмононе, ки ба дидорбинии падарам меоянд, изҳори хурсандӣ мекунанд",- гуфт вай.

Зан дар бораи мушкилиҳои худ, пас аз ҳабси падар ва баъди чанде ҳабси ду бародари дигараш нақл намуд. Ӯ якчанд сол дар байни се маҳбас монда буд ва ба наздиконаш хӯрока мекашонд.  Вақтҳое буданд, ки ба фарзандонам хӯрок намедодам, то ба маҳбусон он камӣ накунад, ба ёд меоварад зан.

"Шумо бовар мекунед, вақте ки падарам баргашт 15 наберагонаш то саҳар дар атрофаш парвона мегаштанд. Мо бошем фақат бо қабули меҳмонон овора будем. 23 сол муҳлати зиёд аст ва табиист, ки намуди зоҳирии одам дар ин муддат тағийр меёбад. Барои ҳамин мо падарамро ба осоишгоҳ равон кардем. Вақте ки падарам саломат ба хона баргашт, ҳамаи сахтиҳоеро, ки дар тӯли 23 сол дидем, фаромӯш кардем. Мегӯянд ку "поёни шаби сияҳ сафед аст". Имрӯз ҳамон сафедӣ барои мо падарамон аст. Касе, ки ба мо падарамро баргардонидааст, дар ҳақиқат некӯкор аст. Ман ба ин хотир ба ҳукумати мирӯзаи Ӯзбакистон миннатдорӣ баён мекунам ",- гуфт самимона Умеда.

Барчаспҳо:
маҳбуси сиёсӣ, озодӣ аз зиндон, Самандар Қӯқонов, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ