01:00 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Гулнора Каримова, акс аз бойгонӣ

Ислом Каримов: нақшаи куштори модарам- Гулнора Каримоваро доранд

© Sputnik / Валерий Левитин
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
40401

Онҳо мақсади нест кардани модарамро доранд. Ин амалро чӣ гуна амалӣ карданашонро ман намедонам. Ба фикри ман ба вай заҳр додан мехоҳанд. Онҳо озод гаштани модарамро намехоҳанд, гуфт Ислом Каримов дар сӯҳбат бо сомонаи ВВС

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik.Сомонаи ӯзбекии ВВС бо писари Гулнор Каримова, ки бо бобояш ҳамном мебошад- Ислом Каримов сӯҳбат намуда, дар бораи аҳволи модараш аз вай пурсон гардид.

Мувофиқи ахбори манбаъ Гулнора Каримова дар Тошканд дар нишонаи Яҳё Ғуломов дар ҳабси хонагӣ то ҳол  нигоҳ дошта мешавад.

Писари Гулнора дар сӯҳбат иброз доштааст, ки бо модараш имкони дидор намуданро касе надорад. Танҳо хоҳараш Имон дар як моҳ як маротиба  модарашро медидааст.

"Худи Имрон дар меҳмонхонаи "Туркистон" меистад ва моҳи феврал аз модарам ҷудо карда шуда ба меҳмонхона ҷой дода шудааст",- гуфт Ислом Каримов.

Ба гуфтаи набераи президент  хоҳарашро мехоҳанд аз Ӯзбакистон берун кунанд, аммо духтар ягона шахсест, ки бевосита бо модараш дидор мекунад.

Ба гуфтаи Ислом Каримов дар "тақдири" Гулнора Каримова атрофиёни "хайрхоҳаш" гунаҳкор мебошанд. Дар масъалаи аҳволи модараш вай гуфт:

"Онҳо мақсади нест кардани модарамро доранд. Ин амалро чӣ гуна амалӣ карданашонро ман намедонам. Ба фикри ман ба вай заҳр додан мехоҳанд. Онҳо озод гаштани модарамро намехоҳанд…"

Ба ғайр аз ин Ислом Каримов илова намуд, ки дар бораи зинда будани модараш, ҳатто наметавонад бо  боварӣ сухан кунад, зеро бевосита бо вай сӯҳбат карда наметавонад.

Вай мегӯяд, ки модараш ба ягон саҳифаи иҷтимоӣ дастрасӣ надорад, барои ҳамин ҳамаи аккаунтҳое, ки дар интернет аз номи вай баромад мекунанд, дурӯғин мебошанд.

День рождения основателя ювелирного дома De Grisogono
© Sputnik / Валерий Левитин
Гулнора Каримова, акс аз бойгонӣ

Ислом Каримов дар сӯҳбат иброз боштааст, ки ҳатто сабаби ҳозир нашуданаш ба маросими дафни бобояш тарс аз ҳаёти худаш ва хоҳару модараш будааст. "Агар ман ба он ҷо мерафтам, ҳар сеямонро ҳам нест мекарданд ва баъди 5-6 сол дар ин бора эълон мекарданд",- гуфт вай дар сӯҳбат бо ВВС.

Ғайр аз ин ба гуфтаи набераи Ислом Каримов- Ислом Каримов дар моҷарои оилавӣ ва рақобати байни хоҳарон маҳз бобояш- собиқ президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов гунаҳкор аст.

Ба гуфтаи писари Гулнора ҳеҷ кас намедонад, ки барои чӣ Гулнора Каримоваро ба ҳабс гирифтаанд ва гуноҳи вай аслан дар чист.  Ба гуфтаи вай як версияи  ба ҳабс гирифта шудани Гулнора Каримова аризаи навиштаи овозхон Озодбек Назарбеков мебошад, ки гӯё Гулнора Каримова аз вай ришва талаб карда бошад.

Худи Озодбек Назарбеков дар мусоҳиба бо хабарнигори ВВС гуфтааст, ки байни вай ва духтари президент ҳеҷ вақт додугирифт набуд ва ариза ҳам нанавиштааст.

Барчаспҳо:
Гулнора Каримова, Ислом Каримов, Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ