Путин: Руссия бо Тоҷикистон ифтихор мекунад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезиденти ФР ва ҶТ- Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Президенти ФР ва ҶТ- Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти ФР Владимир Путин изҳор дошт, ки “Як қисмати муҳими муносибатҳои дуҷониба, ҳамкории байниминтақавист, ки дар он беш аз 80 субъекти Федератсияи Русия иштирок мекунад”

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik.Русия бо робитаҳои қавии ҳамкории стратегӣ бо Тоҷикистон ифтихор мекунад, омадааст дар сухани раиси ҳукумати Русия Владимир Путин ба иштирокдорони 5-умин  конфронс оид ба ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон, ки дар Душанбе ифтитоҳ гардид.

"Русия ва Тоҷикистонро робитаҳои қавии ҳамкориҳои стратегӣ марбут мекунанд, ки мо аз он ифтихор дорем",-омадааст дар мактуби президент, ки онро сафири ФР дар Тоҷикистон Игор Ляркин-Флоров қироат намуд.

Президенти ФР Владимир Путин гуфт, ки "Як қисмати муҳими муносибатҳои дуҷониба, ҳамкории байниминтақавист, ки дар он беш аз 80 субъекти Федератсияи Русия иштирок мекунанд".

Ҳамчунин президент изҳори боварӣ намуд, ки "ҷаласаи мазкур барои ҷорӣ намудани заминаи ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалии ҳамкории байниминтақавӣ ва ҷустуҷӯи  минтақаҳои нави ҳамкориҳои  Русия ва Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард".

Лентаи хабарҳо
0