Шавкат Мирзиёев президенти Узбакистон интихоб гардид

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкШавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ
Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар интихоботи президентии Узбакистон намояндаи ҳизби либерал-демократ Шавкат Мирзиёев бо гирифтани аксари овозҳо-88%- ғолиб омад

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Шавкат Мирзиёев президенти Узбакистон интихоб шуд, хабар дод раиси комиссияи интихоботии Узбакистон Улуғбек Абдусаломов.

То ин дам Шавкат Мирзиёев вазифаи сарвазирии кишварро бар дӯш дошт. Баъди вафоти президенти аввалини Узбакистон, Мирзиёев иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии Узбакистон таъин шуд.

Интихоботи президентӣ  дар Узбакистон рӯзи якшанбе баргузор гардид. Раъйпурсӣ аз ҷониби комиссияи марказии интихоботӣ  бо иштироки зиёда аз 33%-и овоздиҳандагон баргузоршуда эътироф шуд.

Санаи 2-юми сентябри соли равон дар синни 78-солагӣ аввалин президенти Узбакистон Ислом Каримов вафот кард. Ӯро дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ба хок супориданд.

Қаблан хабар дода шуд, ки ситоди Шавкат Мирзиёев ба пирӯзии комили ӯ бовар дорад.

Лентаи хабарҳо
0