Узбакистон низоми раводидро барои 15 давлати дунё бекор мекунад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкШаҳри Тошканд. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Тошканд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи фармон, ки аз ҷониби президенти навинтихоби кишвар ба имзо расид, низоми раводид барои шаҳрвандони 15 кишвари дунё бекор карда мешавад

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Шурӯъ аз 1 апрели соли оянда Узбакистон низоми раводидро барои 15 давлати дунё ва шаҳрвандони аз 55 сола болои 12 кишвари дигар бекор мекунад, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев президенти Узбакистон интихоб гардид

Мувофиқи фармони роҳбари ҷадиди Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба ин рӯйхат кишварҳои зерин: Австралия, Австрия, Британияи Кабир, Олмон, Дания, Испания, Италия, Канада, Люксинбург, Нидерландия, Ҷумҳурии Корея, Сингапур, Финландия, Шветсария ва Ҷопон дохил шуданд.

Зиёда аз ин низоми бераводид барои шаҳрвандони аз 55 сола болои 12 кишвари дунё, ки бо мақсади сайёҳат ба Узбакистон сафар мекунанд, ҷорӣ мешавад. Ба ин рӯйхат давлатҳои аз қабили Белгия, Индонезия, Чин, Малайзия, ИМА, Фаронса, Ветнам, Исроил, Полша, Венгрия, Португалия ва Чехия шомиланд.

Низоми бераводид барои шаҳрвандоне, ки бо мақсади сайёҳат ба Узбакистон сафар мекунанд, ба муддати на бештар аз 30 рӯз дода мешавад.

Ҳамчунин дар фармони мазкур қайд мегардад, ки шаҳрвандони кишварҳои дар боло зикршуда, зимни ба Узбакисттон ворид шудан, бояд ба қадри 50 доллари амрикоӣ боҷ супоранд. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маблағи супоридашуда, барои сайёҳон ҳуқуқи ба кишвар дохил шуданро медиҳад.

Тошканд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Узбакистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил карда мешавад

Аз ҷониби ҳукумати кишвар барои содда гардонидани гирифтани раводид аллакай корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Аз ҷумла низоми пур кардани пурсишнома ба таври  онлайн ба роҳ монда шуда, аз соли 2018 низоми электронии гирифтани раводид дар кишвар ҷорӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин барои сайёҳон дар фурудгоҳҳои байналмиллалии Тошканд, Самарқанд, Бухоро ва Урганҷ низоми гумруки  "долони сабз" ташкил карда мешавад.

Дар баробари ин дар фуурдгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан барои сайёҳон ташкили низоми алоҳидаи санҷишӣ дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0