13:15 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Шиносномаи шаҳрванди Қирғизистон, акс аз бойгонӣ

Тоҷики депортшуда хост бо шиносномаи қирғизӣ вориди Русия шавад

Sputnik / Жоомарт Ураимов
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
295 0 0

Ҳангоми бақайдгирии мусофирони паврози Ош- Москва дар яке аз шиносномаҳои пешниҳодгардидаи қирғизӣ аломати сохтакорӣ ба назар расид

ДУШАНБЕ,16 дек — Sputnik. Дар фурудгоҳи шаҳри Оши Қирғизистон шаҳрванди Тоҷикистон дастгир гардид.Марди 36-солаи Тоҷикистон дар сохтакории ҳуҷҷатҳо гумонбар дониста мешавад: кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон шиносномаи қалбакии  ӯро гирифтанд.

Ҳангоми бақайдгирии мусофирони парвози Ош- Москва ҷинояткор шиносномаи худро — ID-card пешниҳод намуд, ки дар он гумрукчиён нишонаҳои сохакориро дарёфт намуданд- қисман набудани ҳифзи кимиёвӣ ва тасвири нишони Қирғизистон,мувофиқ набудан ба мақоми ваколатдори шоносномадиҳӣ ва ғайраҳо.

Мардро дар ғайриқонунӣ убур кардани марзи сарҳади давлатӣ гунаҳкор медонанд. Қайд карда мешавад, ки вай пештар аз Русия депорт шуда,  ин дафъа мехостаст, ки ба воситаи Қирғизистони ҳамсоя ба Русия ворид шавад.

Барчаспҳо:
депорт, шиносномаи қалбакӣ, Шаҳрванди Тоҷикистон, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ