01:33 23 июни 2017
Пахши мустақим
Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ

Мирзиёев ба 180 нафар шаҳрвандии Узбакистон дод

© Sputnik / Алексей Дружинин
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
20010

Дар навбати авввал мардуми таҳҷоие, ки бо сабабҳои гуногун то замони эътибор пайдо кардани қонун “Дар бораи шаҳрвандии Узбакистон” аз мамлакат берун монда буданд, соҳиби шаҳрвандӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо имзои қонун ба  179 нафар шаҳрвандӣ дод хабар медиҳад РИА Новости.

Қонуни мазкур нисбати 179 нафар "дар навбати авввал нисбати мардуми таҳҷоие, ки бо сабабҳои гуногун то замони эътибор пайдо кардани қонун "Дар бораи шаҳрвандии Узбакистон" аз мамлакат берун монда буданд, қабул гардидааст",-омадааст дар ҳуҷҷат.

"Татбиқи чунин тадбирҳо пурра ба ҳуқуқҳои байналмиллалӣ мувофиқат буда, манфиати шахсонеро, ки дар Узбакистон ба воя расидаанд ва барои рушди ватан саҳмгузоранд, ба инобат мегирад",-омадааст дар қарори президент.

Қонун "Дар бораи шаҳрвандии Узбакистон" соли 1992-юм қабул градидааст. Мувофиқи қонун шахсони воқеӣ ё шаҳрвандони хориҷие, ки аз шаҳрвандии худ даст кашида, панҷ соли охир дар қаламрави Узбакистон ба сар мебаранд, метавонанд соҳиби шаҳрвандӣ шаванд.

Мавзуъ

Мирзиёев савганд ёд кард ва ба вазифаи президентӣ шурӯъ намуд
Шавкат Мирзиёев президенти Узбакистон интихоб гардид
Барчаспҳо:
шаҳрвандии Узбакистон, 179 нафар, шаҳрвандӣ, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ