08:00 24 январи 2017
Пахши мустақим
Кофтукови ҷасадҳои қурбониёни Ту-154 дар Сочи давом дорад

Ҷасади се қурбонии дигари ҳодисаи суқути Ту-154 ёфт гардид

© Sputnik / Нина Зотина
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
78 0 0

Дар ҷойи гузаронидани амалҳои ҷустуҷӯӣ ҷасади се нафари дигар ёфт гардид. Дар умум аз фоҷиаи ҳавопаймо, ки дар он 92 нафар ҷони худро аз даст додаанд, 15 ҷасади курбониён ёфт гардид, хабар медиҳад манбаъ

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар ҷойи суқути ҳавопақмои Ту-154 дар Баҳри Сиёҳ ҷисми се нафари қурбонии дигар ёфт гардид, хабар дод ба РИА новости манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Ба гуфтаи манбаъ аз ҷойи суқути Ту-154 223 фрагмент ёфт гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳии санаи 25-уми декабр ҳавопаймои ҳарбии Русия Ту-154 дар Сочӣ ба садама гирифтор шуд. Тайёра ба самти Алдер- пойгоҳи ҳавоии Хмеймим парвоз мекард.

Пас аз чанд дақиқаи парвоз ҳавопаймои Ту-154 аз радар нопадид шуд. Дар ҳавомаймо ҳамагӣ 92 нафар парвоз мекарданд, ки аз онҳо 8 нафарашон аъзоёни экипаж буданд. Дар байни қурбониён ҳунармандони ансамбли суруд ва рақси ба номи Александров ва журналистони телевизионҳои Русия низ буданд. Гурӯҳ барои бо Соли нав муборакбод намудани низомиёни Русия дар Хмеймим парвоз мекард.

Ғайр аз ин парвозро роҳбари фонди хайриявии "Справедливая помощь" Елизавета Глинка машҳур ба лақаби Доктор Лиза ҳамраҳӣ менамуд.

Барчаспҳо:
ёфт гардидани ҷасади қурбониён, Ту-154, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ