Имрӯз Ӯзбакистон 79-солагии Ислом Каримовро ҷашн мегирад

© AFP 2023 / PRAKASH SINGHИслом Каримов, акс аз бойгонӣ
Ислом Каримов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Ислом Каримов дар ҷумҳурӣ ба муносибати зодрузи президент ягон чорабинӣ ба нақша гирифта намешуд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik.Дар Ӯзбакистон бори аввал зодрӯзи аввалин президенти кишварро қайд мекунанд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбакистон.

Бахшида ба ин ҷашн дар тамоми минтақаҳои кишвар чорабиниҳо баргузор карда мешавад. Ба воситаи телевизион филми ҳуҷҷати дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Ислом Каримов нишон  дода мешавад.

Ислом Каримов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбакистон ба зодрӯзи Ислом Каримов омодагӣ мебинад

Чоршанбеи гузашта президенти кунунии Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев фармони гиромидошти хотироти Ислом Каримовро ба имзо расонид. Мувофиқи ин ҳуҷҷат Ӯзбакистон на танҳо имсол, балки ҳамасола 30-уми январ рӯзи мавлуди Ислом Каримовро ҷашн мегиранд ва 2-уми сентябр бошад рӯзи хотираи аввалин президент аст.

Ғайр аз ин фурудгоҳи байналмиллалии Тошкент, яке аз донишгоҳҳо дар пойтахт ва кӯчаи марказии Тошкент ба номи Ислом Каримов гузошта мешавад.

Дар шаҳри Самарқанд- зодгоҳи ӯ ва Тошканд муҷассами раисҷумҳури марҳум афрохта хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0