Панҷ далел дар бораи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ: дар ҳошияи қазияи Норин

© Фото : Официальный сайт Правительства КРЦеремония открытия кампуса Университета Центральной Азии в г. Нарын
Церемония открытия кампуса Университета Центральной Азии в г. Нарын - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 8-уми июн, як гурӯҳ ҷавонони Норин донишҷӯёни хориҷӣ ва устодони Донишгоҳи Осиёи Марказиро маҷбур карданд, ки ба зону зада, бахшиш пурсанд. Ба гуфтаи онҳо, гӯё донишҷӯён сокинони маҳаллиро саркӯб карда бошанд

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Ҳамин тавр нисбати айбдоршудагон аз рӯи далели авбошӣ парвандаи ҷиноӣ низ оғоз шуд. Вале ҳар ду ҷониб аллакай оштӣ шудаанд. Задухурд миёни мардуми маҳалллӣ ва донишҷӯёни хориҷаи донишгоҳ ба вуқӯъ пайваст.

Sputnik Қирғизистон панҷ далелро дар бораи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омода кардааст.

Кыргызские и таджикские студенты УЦА помирились - Sputnik Тоҷикистон
Устоди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ: Донишҷӯёни тоҷик зону хам накарданд

1. Шартномаи байнулмилалӣ дар бораи ташкили Донишгоҳи Осиёи Марказӣ 17 сол пеш аз тарафи сарони се кишвари Осӣёӣ — Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Шоҳзода Оқохони 4 имзо шуд.

2. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин — нахустин филиали ДОМ дар минтақа аст. Ду донишгоҳи дигар дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон ва шаҳри Текели Қазоқистон ифтитоҳ хоҳанд шуд.

3. Сохтмони ДОМ дар Норин бояд соли 2012 ба итмом мерасид, вале бо сабаби нуқси тектоникӣ меъморон нақшаи сохтусозро аз сар гирифтанд. Ахиран Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин моҳи сентябри соли гузашта кушода шуд.

© Фото : Официальный сайт Правительства КРДонишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин - Sputnik Тоҷикистон
1/3
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин
© Официальный пресс-релиз УЦАДонишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин - Sputnik Тоҷикистон
2/3
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин
© Фото : Официальный сайт Правительства КРДонишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин - Sputnik Тоҷикистон
3/3
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин
1/3
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин
2/3
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин
3/3
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин

4. Ҳудуди умумии ДОМ дар Норин 252 ҳектар заминро ташкил медиҳад. Ин минтақа дар асоси созишномаи вижа аз ҷониби ҳукумати Қирғизистон барои сохтмони донишгоҳ ҷудо шудааст.

5. Тарҳи сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норин аз ҷониби меъмори ҷопонӣ Арат Исозаки, ки дорандаи чандин мукофотҳои байнулмилалӣ аз ҷумла, мукофоти меъмории Донишкадаи Шоҳигарии Бритониё аст, омода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0