09:44 24 августи 2017
Пахши мустақим
Дастфишорӣ, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистону Узбакистон ояндаи муштаракашонро баррасӣ карданд

© Sputnik Wong Maye-E
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
5422

Ҳайъатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон қарор доданд, ки ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии ду кишварро беш аз пеш густариш диҳанд

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Нишасти ҳайъатҳои давлатии Тоҷикистону Узбакистон ба раҳбарии муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини нахуствазири Узбакистон Улуғбек Розуқулов имрӯз дар Душанбе баргузор шуд.

Ҳайъатҳои давлатӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд. Ҳайъатҳо умедворӣ карданд, ки натоиҷи ин нишаст бар густариши равобит дар ин заминаҳо асаргузор бошад.

Дар чорчӯби ин нишаст ҳамчунин музокироте миёни тавлидкунандагону корофаринони ду кишвар ба манзури роҳандозии равобити мустақим баргузор шуд.

Ширкаткунандагон дар ин нишаст таъкид карданд, ки натиҷаи мулоқотҳо гувоҳ бар аҳамиятест, ки ду кишвар барои густариши ҳамкорӣ қоил ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайъати Узбакистон аз раҳбарону намояндаҳои 17 вазорату созмони давлатӣ ва 28 намоянда аз бахши хусусӣ ташкил шуда ва раёсати онро муовини нахуствазири он кишвар Улуғбек Розуқулов ба уҳда дорад.

21-уми июн дар Душанбе ҳамоиши тиҷории Тоҷикистону Узбакистон баргузор мешавад, ки дар он 300 соҳибкор ширкат хоҳад кард.

Барчаспҳо:
Рушди муносибатҳои ду кишвар, мулоқот, муовини нахуствазир, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ