06:23 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Нобуд кардани алкул дар Қирғизистон

Аз барои куштори пиразане дар Ӯш се боркаш алкулро нобуд мекунанд

© Sputnik Зульфия Тургунова
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
151 0 0

Чанд рӯз пеш пирамарди 83-солае ҳамсари 79-солашро дар пайи ҷанҷол кушт. Нерӯҳои интизомӣ мегӯянд, ин пирамард ҳангоми куштор маст будааст

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар маҳаллаи Жапалаки шаҳри Ӯш се боркаш машруботи алкулиро нобуд мекунанд.

Ба гузориши хабарнигори Sputnik Қирғизстон, ин миқдор нӯшиданиҳои алкулӣ бо қарори бошандагони ин маҳалла нобуд мешавад, ки аз куштори саҳмангези пиразани 79-сола ба хашм омадаанд. Мӯйсафеди 83-сола дар ҳолати мастӣ ҳамсари худро куштаст. Пас аз ин ҳодиса сокинони ин маҳалла бо ширкати оқсақолҳо ва руҳониёну кормандони мақомоти интизомӣ маҷлис баргузор мекунанд.

"Дар ин маҷлис қарор шуд, ки ҳамагуна нӯшиданиҳои алкулӣ аз дуконҳои ин маҳалла ҷамъоварӣ ва нобуд карда шаванд. Аҳолии маҳалла чанде пеш машруботро аз дуконҳо ба маблағи 400 ҳазор сӯм харида ва дар се худрави Hyundai Porter бор кардааст. Бошандагон намехоҳанд машруботи алкулӣ дар қаламрави маҳаллаашон фурӯхтаву нӯшида шавад", — мегӯяд хабарнигор.

  • Нобуд кардани алкул дар Қирғизистон
    Нобуд кардани алкул дар Қирғизистон
    © Sputnik Зульфия Тургунова
  • Нобуд кардани алкул дар Қирғизистон
    Нобуд кардани алкул дар Қирғизистон
    © Sputnik Зульфия Тургунова
1 / 2
© Sputnik Зульфия Тургунова
Нобуд кардани алкул дар Қирғизистон

Рӯзи 14 июл мӯйсафеди 83-солае дар ҳолати мастӣ ҳамсари 79-солаашро бо корд куштааст. Ҳангоми бозпурсӣ дар милиса пирамард гуфтааст, ки дар рӯзи куштор сахт маст будааст. Иллати ҷанҷол, ба гуфти вай, ин буда, ки аз ҳамсараш талаб кардааст чорвояшонро беҳтар нигаҳдорӣ кунад. Ташхиси пизишкии хуни муттаҳам ошкор кардааст, ки дар воқеъ алкул масраф кардааст. Нерӯҳои интизомӣ барои баррасии ин куштор парванда оғоз кардааст. Ин пирамарду пиразан ду писар ва чаҳор духтар доштаанд.

Мавзуъ

Озода Раҳмон пайомадҳои таблиғи тамоку ва алкул дар телевизюнро тавзеҳ дод
Овезаҳои “Овардани нӯшокиҳои спиртӣ манъ аст!” барчида мешаванд
Барчаспҳо:
нобуд кардани алкул, куштор, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ