Дастаи танкронҳои тоҷик ба даври нимниҳоӣ роҳ наёфт

© SputnikТанкисты Таджикистана на финише
Танкисты Таджикистана на финише - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 55 даста 12 гурӯҳи танкронҳо ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Доварон 12 дастаи беҳтаринро ба даври нимниҳоии "Биатлони танкӣ" роҳ доданд.

Дар ҳарбмайдони Алабинои Маскав нишасти доварон баргузор шуд, ки натиҷаи он интихоби 12 дастаи беҳтарин барои ширкат дар даври нимниҳоии сабқат шуд.

Дар даври нимниҳоӣ дастаҳо аз Арманистон, Белорус, Венесуэла, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, Русия ва Сербия ворид шуданд.

Сабқати даври нимниҳоӣ рӯзҳои 8 ва 10 август дар ҳарбмайдони Алабино баргузор мешаванд. Дар натиҷа чаҳор дастаи ғолиб ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, дар рӯзи пӯшидашавии бозиҳо яъне —12 август байни ҳам барои мақоми аввал рақобат хоҳанд кард.

Мутассифона дастаи Тоҷикистон ба даври нимниҳоӣ  роҳ наёфт.

Лентаи хабарҳо
0