13:24 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Девушка в подавленном настроении

Тоҷикдухтареро дар Маскав таҷовуз кардаанд

© Flickr/ 55Laney69
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
621 0 0

Духтареро дишаб бо нишонаҳои таҷовуз ба бемористони "Склифасовский" овардаанд. Гуфта мешавад, ки вай шаҳрванди Тоҷикистон аст

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Тоҷикдухтареро дишаб дар шаҳри Маскав таҷовуз ба номус карданд.

Ба иттилоъи хабаргузории "Москва", ин таҷовуз шаби 25-уми август назди Маркази фарҳангии Раёсати ВУД Русия дар Маскав рух додааст. Мушаххас шуда, ки он духтар шаҳрванди Тоҷикистон буда ва дар яке аз хобгоҳҳои пойтахт иқомат доштааст.

"Ҷабрдида гуфтааст, ки ошнояш дар манзиле дар хиёбони Навослободская, 47, ба номусаш таҷовуз кардааст", — омадааст дар гузориши манбаъ.

Дар бемористони "Склифасовский" ташхис додаанд, ки сару синааш кӯфтаву харошида шудааст.

Кормандони пулиси Маскав ин қазияро пайгирӣ доранд. Қарор аст барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз шавад.

Мавзуъ

Боздошти ҷавони 23-сола ба иттиҳоми таҷовуз дар Душанбе
Сокини пойтахт бо гумони таҷовузи фарзандонаш дастгир гардид
Барчаспҳо:
таҷовуз, тоҷикдухтар, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ