06:25 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Шавкат Мирзиёев ва Ҳасан Руҳонӣ

Мулоқоти Мирзиёев бо кишвардорони Афғонистон ва Эрон

© Официальный сайт президента Республики Узбекистан
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
7610

Мирзиёев дар чорчӯби нишасти Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Остона бо ҳамтоёнаш аз Эрону Афғонистон дидор ва мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ба иттилоъи хадамоти матбуотии раисҷумҳури Узбакистон, Шавкат Мирзиёев бо Ҳасан Руҳонӣ рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Узбакистону Эронро баррасӣ карда, гуфтааст, ки ҳамкориҳои дуҷониба ба нафъи ҳарду кишвар хоҳад буд.

Ҳамчунин Мирзиёев дар чорчӯби ин нишаст бо кишвардори Афғонистон Ашраф Ғанӣ суҳбат кардааст.

Дар ин дидор Шавкат Мирзиёев ва Ашраф Ғанӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, алоқаю нақлиёт, фарҳанг ва дигар масоили минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки нишасти Созмони ҳамкориҳои исломӣ оид ба илм ва навоварӣ дар пойтахти Қазоқистон рӯзҳои 10-11 сентябр баргузор шуд.

Дар ин нишаст 80 намояндагони созмонҳои давлатӣ, кишварҳои нозир ва созмонҳои минтақавию байнулмилалӣ ширкат карданд.

Барчаспҳо:
дидор, мулоқот, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, Шавкат Мирзиёев, Ҳасан Руҳонӣ, Ашраф Ғанӣ, Остона

Мавзӯъҳои асосӣ