Зан агар оташ намешуд: раисҷумҳур ба командааш духтареро роҳ дод

© Фото : Из личного архива Гавхар СагдуллаевойГавхар Сагдуллаева
Гавхар Сагдуллаева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гавҳар Саъдуллоева- муаллифи тарҳи машҳур дар Узбакистон- Girls development club, таъсисдиҳандаи маркази занонаи Upgrade, дорандаи лауреати озмуни ҷумҳуриявии "Келаҷак овозӣ-2012" ба командаи раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ворид шудааст

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Шавкат Мирзиёев ба Гавҳар Саъдуллоева- хатмкардаи Донишгоҳи давлатии  забонҳои ҷаҳонии Узбакистон симати нозири Раёсати умури донишҷӯён ва ҷавонони Вазорати маорифи халқи Узбакистонро сазовор донистааст.

Дар ин бора муовини вазири ҷавонтарини Вазорати маорифи халқи Узбакистон Алишер Садуллоев иттилоъ додааст.

"Хабари хуш! Аввалин духтар дар командаи раисҷумҳур! Агар дар ёд дошта бошед, ман пештар хабар дода будам, ки дар Вазорати маорифи халқи Узбакистон раёсати ҷадиде — Раёсати умури донишҷӯён ва ҷавонон ифтитоҳ меёбад. Аз аввалин рӯзҳои таъин шуданам ба симати муовини вазири маорифи халқ, мақсади асосии ман ташкили гурӯҳе буд, ки мехоҳанд дар рушди кишвар саҳм гузоранд. Ҳоло мехоҳам шуморо бо корманди Раёсати ҷадид ва узви командаи президенти Узбакистон шинос кунам",- навиштааст Садуллоев дар саҳифаи фейсбукии худ.

Ёдовар мешавем, аввалҳои моҳи июл раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба симати муовини Вазири маорифи халқи Узбакистон як кадри ҷавон- Алишер Садуллоевро таъин карда буд.

Лентаи хабарҳо
0