00:55 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Онлайн-приемная Шавката Мирзиеева, архивное фото

Мехоҳам 700 мероси Аллоҳро расонам: Мактуби пайғамбартарош ба раисҷумҳур

© Sputnik
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
695 0 0

Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Узбакистон ин мактуберо, ки ба қабулгоҳи маҷозии раисҷумҳури кишвар Шавкат Мирзиёев расидааст, баррасӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Кормандони қабулгоҳи раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев аз "Фиристодаи Худо" матуб гирифтаанд, ки вай аз раисҷумҳур  хоҳиш кардааст 700 меросеро, ки ба вай Аллоҳ гузоштаст ба мардум расонад.

Тавре Sputnik Узбакистон қайд мекунад, ақидаҳои ин пайғамбартарош нофаҳмо ва печ дар печ ифода шудаанд.

Мард навиштааст, ки вайро пайвандони ҳамсараш тӯҳмат кардаанд. Вақте ки ба ба додситон муроҷиат кардаст, посух додаанд, ки дар ин ҷо ягон амали ҷиноятиро намебинанд. Ин пайғамбартарош навиштаст, ки ба хотири тарсониданаш ҳатто ба вай тир кушодаанд. Аммо кӣ ва барои чӣ тир кушодааст, вай наменависад.

"Аллакай 7 сол бо ҳамин аҳвол зиндагӣ мекунам ва метавонам исбот кунам ки фиристодаи Аллоҳ ҳастам ва мехоҳам ба мардум 700 мероси Худовандро расонам",- навиштаст вай дар охири мактубаш ва хоҳиш кардаст, ки ба вай раисҷумҳур кумак кунад.

Скриншот письма посланника Аллаха
Facebook
Скриншот письма "посланника Аллаха"

Қариб ҳамаи корбарон ин пайғамбартарошро гирифтори бемории рӯҳӣ гуфтаанд.

Барчаспҳо:
қабулгоҳи маҷозӣ, мактуб, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ