Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон сафар кард

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Туркманистон рафт

ДУШАНБЕ, 17 сен- Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.  

Дар ин сафар раисҷумҳурро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии саври давлат оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. 

Интизор меравад, ки раисҷумҳур дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои Осиё ширкат кунад.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо, дар Ашқободи Туркманистон173 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Дар ин сабқат, ки аз 17 то 27 сентябр баргузор мешавад, дар маҷмӯъ наздики 6000 варзишгар аз 62 давлати қораи Осиё ва Уқёнус иштирок хоҳанд кард.

Ба барномаи бозиҳо 21 намуди варзиш шомил гаштааст: баскетбол (3х3), гуштини камарбандӣ, билярд, боулинг, шоҳмот, рақси варзишӣ, аспсаворӣ, футзал, варзиши сабук (намудҳое, ки дар толор баргузор мешаванд), теннис,ҷиу-ҷитсу, кикбоксинг, кураш, муайтай, самбо, шиноварӣ, таеквондо, гуштини анъанавӣ, велосипедронӣ (трек), вазнбардорӣ, гуштини озод ва классикӣ, баскетбол, гуштини камарбандӣ, гуштини анъанавӣ, шоҳмот, варзиши сабук, ҷиу-ҷитсу, кикбоксинг кураш, муайтай, самбо, шиноварӣ, таеквондо, велосипедронӣ, вазнбардорӣ, гуштини озод ва юнонӣ-римӣ. 

Лентаи хабарҳо
0