20:38 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Беженцы рохинджа покидают Мьянму

Аун Сан Су Чӣ: Миёнмор омода аст мусулмононро ба кишвар боз гардонад

© REUTERS/ Mohammad Ponir Hossain
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
88 0 0

Раҳбари Миёнмор Аун Сан Су Чӣ омодагии давлаташро барои кумакрасонӣ ба бозгашти оворагони руҳинҷо аз Банглодеш ба Миёнмор эълом кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Аун Сан Су Чӣ имрӯз дар суханонӣ дар Маҷлиси қонунгузори Миёнмор хушунатеро, ки тарафҳои даргир дар иёлати Рохин бар якдигар мекунанд, маҳкум кард.

Ин нахустин бор аст, ки раҳбари Миёнбор аз замони оғози муноқишаи қавмиву динӣ дар иёлати Рохин дар соли 2012 дар ин бора сухане мегӯяд.

"Мо хушунатҳоеро, ки тарафҳои даргир дар иёлати Рохин бар якдигар раво медоранд, маҳкум мекунем. Ҳама касоне, ки дар раванди ин муноқиша қонуншиканӣ кардаанд, посухи рафторашонро дар додгоҳ хоҳанд дод", — эълом кард Аун Сан Су Чӣ ва бо осебдидагон дар ин муноқиша ҳамдардӣ кард.

Вай афзуд: "Чуноне, ки порсол дар нишасти Маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид гуфтам, Миёнмор ба унвони як узви масъули ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳаросе аз таҳқиқоти байналмилалӣ дар ин бора надорад ва ба ёфтани роҳи ҳалле бодавом барои дастёбӣ ба субот ва тавсеъа барои ҳамаи ақвом дар иёлати Рохин мутааҳҳид аст".

Раҳбари Миёнмор ҳамчунин гуфт, ки давлат хостори барқарории оромишу амният ва суботу назм дар иёлати Рохин аст.

Аун Сан Су Чӣ аз аҳволи мусулмононе, ки ба Банглодеш мегурезанд, нигарон шудаву гуфт: Миёнмор барои кумак ба бозгашти оворагони руҳинҷоӣ ба кишвар омода аст.

Мавзуъ

Кумаки башардӯстонаи Узбакистон ба 50 ҳазор паноҳҷӯи миёнморӣ
Нигаронии Назарбоев аз вазъи Миёнмор ва даъват ба муколама
Боздошти 60 мусулмони Петербург барои эътироз ба хотири Миёнмор
СММ барои кӯмаки паноҳҷӯёни Миёнмор 7 милюн ҷудо кард
Эмомалӣ Раҳмон афзоиши исломбадбиниро дар Миёнмор қотеъона маҳкум кард
Коршинос: Мехоҳанд дар Миёнмор парчами Амрикоро боло кунанд
Дар хонаҳоямон тирборонамон карданд: мусулмонон Миёнморро тарк мекунанд
Барчаспҳо:
муноқиша, будоиҳо, руҳинҷо, Аун Сан Су Чӣ, Руҳинҷо, Миёнмор

Мавзӯъҳои асосӣ