23:57 16 январи 2018
Пахши мустақим
Показания сейсмографа. Архивное фото

Дар Тоҷикистон заминларза рух дод

© AP/
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
Заминларза дар Тоҷикистон (18)
469 0 0

Корбарони интернет навиштаанд, ки дар маҳалли онҳо заминларзаи шадиде эҳсос карда шуд

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Имрӯз соати 18:49  дар Тоҷикистон заминларза рух дод. Дар ин бора маркази замиларзашиноси TVSC хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, заминҷунбии 5,1 дараҷаӣ дар  150-километрии шимоли Душанбе дар қаламрави Узбакистон рух дод, ки такони он дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон низ ҳис карда шуд.

Конуни заминларза жарфои 10 км зери замин миёни шаҳрҳои Ҷиззах ва Зомин дар Узбакистон ҷой доштааст.

Дар бораи ҷунбиши замин дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ корбарони интернетӣ хабар додаанд.
Як корбари интернетӣ дар гурӯҳи дар фейсбук навиштааст, "дар Истаравшан сахт замин ҷунбид". Дигар корбарон хабар доданд, ки дар шаҳри Душанбе ва Ашт низ ҳамин гуна заминларза ҳис карда шуд.

Мавзуҳо:
Заминларза дар Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
заминларза, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ