01:42 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Ҷузвдон. Акс аз бойгонӣ

Барканории мудири коллеҷ пас аз куштор дар муассиса

Sputnik / Алексей Дружинин
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
225 0 0

Дар яке аз коллеҷҳои Тошканди Узбакистон дар паи муноқиша як донишҷӯй кушта шуду дигаре захмҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт. Дар паи баргузории амалиёти вижа чандин қонуншикании мудир муайян гардидааст. Гуфта мешавад, ки ӯ корманди коллеҷро таҳқир карда ба ҷои онҳо хешовандони худро ба кор қабул мекардааст

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Ба гузориши Sputnik Узбакистон, мудири коллеҷи ҳуқуқшиносӣ, ки дар он кордкашӣ ба вуқӯъ пайваст аз вазифааш барканор шуд.

Қайд мешавад, ки далели аз вазифа барканор шудани мудир ошкор гардидани чандин қонуншиканӣ будааст.

Гуфта мешавад, ки мудири мактаб корманди коллеҷро барканор ва хешовандони худро ба кор қабул мекардааст. Ҳамчунин дар мавриди супоридани дипломҳо ҳам қонуншикани мудир ошкаор шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки дар ошхонаи коллеҷи ҳуқуқшиносии пойтахти Узбакистон ба сӯи ду донишҷӯи ин коллеҷ кор кашидаанд, ки дар натиҷа яке захмӣ ва дуюмӣ бо 30 захми корд ба ҳалокат расидааст.

Кумитаи тафтишотии шаҳри Тошканд аз рӯи ин қазия парванди ҷиноӣ боз кардааст.

Барчаспҳо:
қонуншиканӣ, куштор, барканорӣ, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ