Ҳамдардии Шавкат Мирзиёев бо Эмомалӣ Раҳмон

© Фото : Официальная страница главы РТ в FacebookПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ҳамдардии хешро бо Эмомалӣ Раҳмон баён кардаааст

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон хабар медиҳад.

Дар номаи таслияти Шавкат Мирзиёев аз ҷумла омадааст:

"Хабари марги нобаҳангоми бародари шумо Нуриддин Раҳмонро бо андӯҳи бузург қабул кардам".

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и его брат Нуриддин Рахмонов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамдардии мардуми Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳури Узбакистон дар ин росто андӯҳи амиқи худро иброз доштааст.

Бародари Эмомалӣ Раҳмон, Нуриддин Раҳмон рӯзи 7 октябр бар асари сактаи қалб даргузашт.

Ӯ дар синни 67-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Нуриддин Раҳмон соли 1950 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омада, солҳои зиёд ба сифати механизатор кору фаъолият намуда, сипас роҳбарии хоҷагии деҳқонии "Раҳмонҷон"-ро ба уҳда дошт.

Лентаи хабарҳо
0