01:38 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Посол Таджикистана в Катаре вручил копии Верительных грамот

Сафиру амир роҳандозии парвоз миёни Душанбе ва Қатарро зарур донистанд

© Фото: МИД РТ
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
23 0 0

Сафири Тоҷикистон ва амири Қатар роҳандозии парвозҳо миёни Душанбе ва Қатарро омили густариши равобити дуҷониба донистанд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода 8 октябр устуворномаашро ба амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ супурд.

Ба гузориши хадамоти иттилоотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, дар гуфтугӯе, ки пас аз маросими тақдими устуворнома сурат гирифт, сафири Тоҷикистон паёми раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ расонд.

Амири Давлати Қатар аз сатҳи олии равобити сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда ва рағбату алоқамандии Қатарро ба густариши беш аз пеши ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон иброз намуд.

"Дар ин замина Амири Қатар бар зарурати идома ва татбиқи бомуваффақи тарҳҳои муштарак, ташвиқи сармоягузориҳо, табодули донишҷӯён ва таҳкими ҳамкориҳо дар дигар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак таъкид кард. Барои густариши бемайлони робитаҳои ду кишвари дӯст ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Давҳа низ зарур арзёбӣ гардид", — гуфта мешавад дар гузориши ВУХ ҶТ.

Амири Қатар ҳамчунин паёми бародаронаи худ ба раисҷумҳури Тоҷикистонро ба сафири тоҷик тақдим кард ва барои мардуми Тоҷикистон сулҳу суботу пешрафту шукуфоиро орзу намуд.

Мавзуъ

Сафири нави Тоҷикистон дар Қатар расман корашро оғоз кард
Тағйироти кадрӣ: сафирҳои ҶТ дар Австрия, Қатар ва Озарбойҷон иваз шуданд
Коршинос: Саъудиҳо бар асари буҳрони Қатар аз сармоягузорӣ дар ҶТ даст кашиданд
Кишварҳои арабӣ Қатарро водор ба қатъи равобити дипломатӣ бо Эрон мекунанд
Эрон ба Қатар як ҳавопаймо хӯрокворӣ фиристод
Арабистони Саудӣ аз рафтори Қатар норозӣ аст: коршинос
Барчаспҳо:
роҳандозии парвоз, Қатар, ҳамкорӣ, шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ, Хисрав Соҳибзода, Тоҷикистон-Қатар

Мавзӯъҳои асосӣ