20:18 14 декабри 2017
Пахши мустақим
Қирғизҳои Помир. Акс аз бойгонӣ

Бозгашти қирғизҳои Помир ба зодгоҳи таърихиашон

© Sputnik
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
373 0 0

Ҳамроҳи экспедитсияи давлатӣ шаш хонаводаи қирғиз аз Помир ба Қирғизистон бозгашт

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Шаш хонаводаи қирғиз, ки чанд сол боз дар Помири Афғонистон ба сар мебурданд, ба вилояти Норини Қирғизистон кӯчонида шуданд.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад.

Дар умум 33 кас аз Афғонистон ба Қирғизистон кӯч баста, миёни онҳо-17 кӯдак мавҷуд аст ва онҳо дар мактабҳои Қирғизистон таҳсил хоҳанд кард.

Қирғизҳои Помир. Акс аз бойгонӣ
© Фото: Пресс-служба Государственной службы миграции

Экспедитсияи ҳукуматӣ таҳти раҳбарии ноиби сарвазир Чолпон Султонбеков ба Қирғиизстон боз гаштанд. Ҳамроҳи онҳо шаш хонаводаи қирғиз ба зодгоҳи таърихиашон бозгаштанд.

Дар миёни кӯчбастагон як зани ҳомила ва кӯдаки якунимсола ҳам ҳаст, ки таҳти назорати пизишкон қарор доранд.

Гуфта мешавад, ки ба шаш хонаводаи кӯч баста кӯмаки иҷтимоӣ расонида хоҳад шуд.

Шесть семей этнических кыргызов приехали в Нарынскую область
© Фото: Зульфия Тургунова
Шесть семей этнических кыргызов приехали в Нарынскую область

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 2 октябри соли 2017 ҳукумати Қирғизистон ба Помири бузургу хурди Афғонистон ёрии башардӯстона ба миқдори 60 тонна ба маблағи 7 милюн сом фиристод. Ҳукумати Қирғизистон барои дастгирӣ ва кӯчонидани қирғизҳои Помир ба Афғонистон экспедитсияи вижа ташкил ва равон карданд.

Давлати Қирғизистон то кунун панҷ бор ба қирғизҳои Помир ёрии башардӯстона фиристода аст. Дар соли 2014 низ бо ёриву ҳамкории сафорати Қирғизистон дар Кобул беш аз 80 дарсади шаҳрвандони қирғизтабори Афғонистон шиносномаҳои он кишварро дарёфт карданд.

Шесть семей этнических кыргызов приехали в Нарынскую область
© Фото: Зульфия Тургунова
Шесть семей этнических кыргызов приехали в Нарынскую область
Барчаспҳо:
шаш хонавода, кӯч бастан, Афғонистон, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ