10:38 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Дизайнер Айшат Кадырова, архивное фото

Духтари Рамазон Қодиров маҳсули дасташро дар Маскав намоиш медиҳад

© Sputnik / Владимир Астапкович
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
295 0 0

Дар чорчӯби ҳафтаи муд (Mercedes Benz Fashion Week) дар боғи "Зарядье" Маскав пӯшокҳои дӯхтаи духтари раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров ба намоиш гузошта мешавад

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар боғи "Зарядье" Маскав намоиши либосҳои дӯхтаи духтари Рамазон Қодиров баргузор мешавад.

"Боғ барои баргузории намоиши либосҳо майдоне ҷудо мекунад", — тасдиқ карданд ба РИА Новости дар хадамоти матбуотии боғ.

Гуфта мешавад, ки намоиши лиссбосҳо 20 октябр дар чорчӯби ҳафтаи муд (Mercedes Benz Fashion Week) гузаронида мешавад.

Дар чорчӯби ин чорабинӣ духтари рамазон Қодиров Оиша Қодирова намоиши либосҳои нави худро таҳти унфони "Марвориди кӯҳӣ" ба намоиш мегузорад.

Оиша моҳи апрели соли ҷорӣ хонадор шуд.

Қайд мешавад, ки ҳамсари оишаи 18-сола 19 сол дорад, "ӯ писари дӯсти фавтидаи Рамазон Қодиров мебошад".

"То тӯй онҳо ду ҳафта ошно буданд. Онҳо дар манзили алоҳида дар наздикии қароргоҳи Қодиров ба сар мебаранд",-омадааст дар мақолаи Tatler.

Показ коллекции одежды Айшат Кадыровой

Пештар хабар дода шуд, ки аз боғи "Зарядье", ки рӯзи 9 сентябр дар Рӯзи Маскав боз шуда буд, дар давоми як моҳ як милюн кас боздид кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ