20:17 14 декабри 2017
Пахши мустақим
Выборы в Кыргызстане

Қазоқистон интихоботи раисҷумҳурии Қирғизистонро назорат намекунад

Sputnik
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
38 0 0

Кумисиюни марказии интихоботии Қазоқистон тасмим гирифта, ки аз ширкат дар назорат бар интихоботи раисҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун ниҳоди мустақил худдорӣ кунад

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Интихоботи раисҷумҳури Қирғизистон 15 октябр баргузор мешавад. Аз Қазоқистон дар ин интихобот на КМИ ҳамчун ниҳоди мустақил, балки намояндаҳое ширкат хоҳанд кард.

"Бо таваҷҷуҳ ба иддиъоҳои бепояи раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев Кумисиюни марказии интихоботии Қазоқистон тасмим гирифта, ки аз ширкат дар назорат бар интихоботи раисҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун ниҳоди мустақил худдорӣ кунад", — гуфта мешавад дар иттилоияе, ки равобити умумии КМИ Қазоқистон имрӯз пахш кардааст.

Вале Қазоқистон дар ростои иҷрои тааҳҳудоти байналмилалии худ намояндаҳоеро барои ҳамроҳӣ бо ҳайъати нозирони байналмилалӣ ба Қирғизистон хоҳад фиристод.

"Чиҳилу шаш нозири қазоқистонӣ дар таркиби ҳайъатҳои Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд, Созмони ҳамкорӣ ва амнияти Урупо, Созмони ҳамкории Шонгҳой, Шурои ҳамкории кишварҳои туркизабон ва маҷмаъҳои порлумонии кишварҳои ҳамсуд, САҲА, кишварҳои туркизабон бар ин интихобот назорат хоҳанд кард", — гуфта мешавад дар иттилоияи КМИ.

Дар интихоботи раисҷумҳури Қирғизистон 11 номзад аз 59 довталаб ширкат мекунад.

Чанде пеш дар паи интишори хабари мулоқоти номзади мухолифон Омурбек Бабанов бо Нурсултон Назарбоев дар вебгоҳи раисҷумҳури Қазоқистон раисҷумҳур Алмосбек Отамбоев Қазоқистонро муттаҳам ба мудохила дар умури интихоботии Қирғизистон карда буд. Қазоқистон ин иттиҳомотро бепоя хонд. Дар посух Отамбоев Назарбоевро муттаҳам ба қабзи қудрат дар Қазоқистон кард. Дар паи ин ҷанҷол равобити ду кишвар рӯ ба сардӣ ниҳодаанд.   

Мавзуъ

Изҳороти Отамбоев нисбати Назарбоев корбарони фейсбукро ба хашм овард
Отамбоев дар видоъ бо Ҷумъақодиров: ман Темурро раисҷумҳури оянда медидам
Барчаспҳо:
интихоботи раисҷумҳурӣ, Кумисиюни марказии интихоботии Қазоқистон, Қазоқистон-Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ