01:31 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Главное исполнительное лицо Исламской республики Афганистан Абдулла Абдулла

Абдуллоҳ: пуштибонӣ аз Толибон роҳи мубориза бо ДОИШ дар Афғонистон нест

© Sputnik / Сергей Гунеев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Раиси иҷроии давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, ки пуштибонӣ аз дигар гурӯҳҳои мусуллаҳ роҳи мубориза бо гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" дар Афғонистон нест

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар суханроние дар Кобул гуфт, ҳар кишваре, ки бо доман задан ба ноамнӣ дар Афғонистон ба фикри оромиш дар қаламрави худаш бошад, иштибоҳ мекунад, зеро ин роҳи барқарории сулҳ дар минтақа ва ҳалли мушкили Афғонистон нест.

Вай афзуд, кишварҳое, ки мабнои таъмини манофеъи мардумии худро дар пуштибонӣ аз Толибон гузошта бошанд, ба бероҳа рафтаанд.

Абдуллоҳ бо таъкид бар лузуми иҷмоъи минтақаӣ барои мубориза бо гурӯҳи теруристии ДОИШ гуфт: "Барои аз байн бурдани гурӯҳи теруристии ДОИШ набояд дигар гурӯҳҳои мусаллаҳро тақвият бахшид. Агар касе ташхис бидиҳад, ки барои аз миён бурдани гурӯҳи теруристии ДОИШ, гурӯҳи теруристии дигареро бояд тақвият кард, комилан иштибоҳ мекунад".

Ёдоварӣ мекунем, ки нерӯҳои амрикоӣ ва кишварҳои аабӣ дар Афғонистон муттаҳам ба пуштибонӣ аз гурӯҳи теруристии ДОИШ мешаванд ва кишварҳои Русия, Эрон ва Покистонро ҳам муттаҳам ба пуштибонӣ аз гурӯҳи теруристии Толибон мекунанд. Чунончи, раисҷумҳури пешини Афғонистон Ҳомид Карзай чанде пеш нерӯҳои амрикоиро муттаҳам ба пуштибонӣ аз ДОИШ карда буд.

Вазорати умури хориҷии Русия ҳам чандин бор аз Амрико ва Нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон хостааст, ки мавзуъи нишасти ҳавопаймоҳои ношинос дар манотиқи зери дасти Толибон ва ДОИШ-ро рӯшан кунад.

Гурӯҳи тамоси Созмони ҳамкории Шонгҳой бо Афғонистон пас аз ҳафт сол 11 октябр нахустин нишасташро дар Маскав баргузор кард.

Дар ин нишаст узвияти Афғонистон дар Созмони ҳамкории Шонгҳой чун узви комил ва дорои ҳуқуқи баробар ва ҳамчунин роҳҳои ҳалли сулҳомези масъалаи Афғонистон, мубориза бо теруризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар табаҳкориҳои созмонёфта баррасӣ шуданд.

Мавзуъ

Пуштибонӣ аз Толибон барои Русияву Эрон чи суде дорад?
Толибон: ҳаргиз бо ДОИШ ҳамсӯ намешавем
Раҳбари Иттилоъоти миллии Амрико: Толибон имсол дар Афғонистон пирӯз хоҳанд шуд
Коршинос: Толибон нерӯе надорад, ки дар Бадахшон биҷангад
Сафири Тоҷикистон: силоҳфурӯшии Русия ба “Толибон” дурӯғи маҳз аст
Барчаспҳо:
ҳамдастӣ бо ДОИШ, пуштибонӣ аз Толибон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ