00:15 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Сооронбай Жээнбеков – новый президент Киргизии

Жээнбеков дурнамои ҳамкории Қирғизистон бо Тоҷикистонро чигуна мебинад?

Sputnik
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
68 0 0

Муҳимтарин рухдоди сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ дар соли 2017 - интихоботи раисҷумҳур дар Қирғизистон буд, ки орому осуда гузашт. Аммо ин суол матраҳ аст, ки оё рӯйкарди Қирғизистон ба Тоҷикистон беҳтар хоҳад шуд ё на?

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Дар ин интихобот намояндаи давлат Сооронбой Жээнбеков баранда шуд ва намояндаи мухолифон Омурбек Бабанов шикасташро пазируфту ҳаводоронашро ба кӯчаву хиёбон накашонд. Ин интихобот дар торихи Қирғизистон ва куллан Осиёи Марказӣ нахустин мавриде буда, ки раёсат аз як раисҷумҳур ба дигаре дар натиҷаи интихобот ва бе ҷанҷолу задухӯрд интиқол ёфтааст.

Бисёре аз коршиносони масоили Осиёи Марказӣ муътақиданд, ки дар даврони раёсати ҷумҳурии Сооронбой Жеенбеков, раисҷумҳури нави Қирғизистон, равобити миёни ин кишвар ва Тоҷикистон беҳбуд хоҳад ёфт.

Чунончи, Андрей Грозин, мудири бахши Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи умури кишварҳои ҳамсуд мегӯяд, Сооронбой Жеенбеков сиёсати раисҷумҳури пешини Қирғизистонро идома хоҳад дод, ки бар густариши равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бунёд ёфта буд.

Вай таъкид мекунад, ки дар даврони раёсатҷумҳурии Сооронбой Жеенбеков бар Қирғизистон, талош хоҳад шуд, ки масоили аломатгузории марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон, ки дар 20 соли гузаштаи 520 килуметр аз 720 килуметри он таъйин шудааст, ҳаллу фасл гардад.

Владимир Евсеев, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи умури Кишварҳои ҳамсуд дар Маскав низ муътақид аст, ки дар даврони раёсати ҷумҳурии Сооронбой Жеенбеков сиёсати ихтилофзудоӣ миёни Қирғизистон ҳамсояҳояш, аз ҷумла Тоҷикистон бар сари аломатгузории марзи ду кишвар идома хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи Евсеев, барои Тоҷикистон ва Қирғизистон расидан ба тавофуқи ниҳоӣ бар сари аломатгузории марз аз аҳамияти бисёре, аз ҷумла дар густариши равобити иқтисодиву тиҷорӣ бархӯрдор аст, зеро Тоҷикистон имрӯз аз Қирғизистон маводи сӯхти мавриди ниёзашро ворид мекунад ва маҳсулоти кишоварзиву боғии худро аз қаламрави Қирғизистон ба Қазоқистон ва Русия интиқол медиҳад.

Мавзуъ

Муборак шавад: Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистонро шодбош гуфт
Сооронбой Ҷээнбеков раисҷумҳури Қирғизистон мешавад
Қазоқистон интихоботи раисҷумҳурии Қирғизистонро назорат намекунад
Навор аз ҷои садамае, ки ҷони муовини нахуствазири Қирғизистонро гирифт
Ҳалокати муовини сарвазири Қирғизистон дар садама
Барчаспҳо:
марзбандӣ, дурнамои ҳамкориҳо, Сооронбой Жээнбеков, Тоҷикистон-Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ