00:01 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Мухаммед Джавад Зариф, архивное фото

Вазири умури хориҷаи Эрон ба Тоҷикистон меравад

© Sputnik / Владимир Песня
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
8910

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф фардо, 8 ноябр ба Тоҷикистон сафар мекунад.

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф фардо, 8 ноябр ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши хабаргузории эронии "Форс", Муҳаммадҷавод Зарифро дар ин сафар вазири нерӯ Ризо Ардакониён ва дигар масъулон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Қарор аст, ки Муҳаммадҷавод Зариф бо мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, дидор кунад ва дар маросими бозкушоии сохтмони нави Сафорати Эрон дар Душанбе ширкат кунад. 

Муҳаммадҷавод Зариф нахустин мақоми баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эрон мешавад, ки дар паи сард шудани равобити Душанбеву Теҳрон дар ду соли ахир аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард.

Вопасин тамосе, ки мақомоти баландпояи ду кишвар доштаанд, паёмҳои табрике буд, ки руасои ду ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасан Руҳонӣ ба муносибати иди Қурбон ба якдигар ирсол кардаанд.  

Мавзуъ

Раисҷумҳури Русия ба Эрон сафар кард
Сарони Русия, Эрон ва Озарбойҷон имрӯз дар Теҳрон дидор мекунанд
Раҳбарони Русия, Эрон ва Озарбойҷон дар Теҳрон дидор мекунанд
Мусозода Эронро муттаҳам ба мазҳабгустарӣ дар Тоҷикистон ва пуштибонии ҲНИТ кард
Номаи кушод ба Сафорати Эрон: Сайидюнус Истаравшаниро аз тахаллусаш маҳрум созед
Ҳасан Руҳонӣ: Эрон бо МАГАТЭ дар чорчӯби мушаххас ҳамкорӣ хоҳад кард
Барчаспҳо:
равобити Тоҷикистону Эрон, Муҳаммадҷавод Зариф, Тоҷикистон-Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ