01:55 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Михаил Задорнов. Акс аз бойгонӣ

Даргузашти ҳаҷвнигори машҳур Михаил Задорнов

© Sputnik / Евгений Биятов
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
76 0 0

Ҳаҷвнигор-Михаил Задорнов дар 70-умин соли зиндагӣ дар гузашт

ДУШАНБЕ, 10 ноя— Sputnik. Ҳаҷвнигори маъруфи Русия Михаил Задорнов имрӯз аз ҷаҳон чашм пӯшид. Дар ин бора РЕН ТВ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҳунарманд Михаил Задорнов дар 70-солагӣ дар гузаштааст.

"Говорит Москва" мегӯяд, ки сухангӯи Задорнов ин хабарро на таъйид карду на радд.

"Наметавонам дақиқ бигӯям", — гуфт ӯ.

Вале пас аз чанде муҷрии барномаҳои телевизионӣ Регина Дубовитская ин хабари андуҳгинро таъйид кард.

"Бале, дар воқеъ, Михаил Николаевич дар гузашт. Беш аз ин чизе гуфта наметавонам, хабар бисёр ногаҳонӣ аст", — менависад хабаргузории "Москва" аз қавли вай.

Михаил Николаевич Задорнов (21 июли соли 1948 — 10 ноябри соли 2017) нависанда ва ҳаҷвнигори Шӯравӣ ва Русия, драматургу ҳунарпеша, узви Иттиҳоди нависандагони Русия, муаллифи даҳҳо китоб буд. Ӯ ҳикояҳои ҳаҷвӣ, достонҳои кӯтоҳ, сафарномаҳо ва намоишномаҳои бисёре навиштааст.

Беморӣ ва даргузашт

Задорнов рӯзи 22 октябри соли равон пас аз консерте дар маркази фарҳангу ҳунари "Меридиан" бемор шуда ба бемористон афтидааст.

Худи Задорнов нахоста, ки  дар бораи беморӣ ва саломатии худ чизе гуфта бошад то таваҷҷуҳи расонаҳоро ба худ ҷалб накунад. Моҳи ноябри соли 2016 Михаил Задорновро дар бемористони "Шарите" дар Берлин бофтбардорӣ (биопсия) аз мағз карданд ва пас аз он Задорнов чанд муддате дар бемористони хусусие дар Прибалтика дармон гирифта буд.

Барчаспҳо:
дар синни 70-солагӣ, дар гузашт, Михаил Задорнов, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ