01:54 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Кӯдак. Акс аз бойгонӣ

Зане кӯдакашро бо маблағи $700 фурухту, акнун дар ҷустуҷӯяш шудааст

CC0 / Pixabay
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
116 0 0

Пас аз даҳ сол ин зан мехоҳад духтарашро ёбаду баргардонад, вале мутмаин аст, ки фарзандаш ӯро нахоҳад бахшид

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Сокини шаҳри Бишкек кӯдаки навзодашро бо нархи $700 фурухту акнун мехоҳад ӯро ёбад. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба гуфти ин зан дар замони ҳомиладорӣ ӯ барои тарбияи фарзандаш омода набудааст, вале пизишк бо сабаби ноҷӯрии саломатиаш исқоти ҳамлро барояш мамнӯъ карда будааст. Пас аз андешаҳои зиёд ин зан ба чунин кирдор даст задааст.

"Ман ба пизишк гуфтам, ки мехоҳам кӯдакамро дар хонаи кӯдакон бимонам, вале ӯ гуфт хонаводаеро мешиносад, ки дар ҳасрати кӯдак ҳастанд, вале то ҳол фарзанде ҳам надоранд ва агар кӯдак саломат ба дунё ояд онҳо омодаанд, ӯро бихаранд. Пас аз ташхисҳо маълум шуд, ки кӯдаки ман саломат ҳасту ба ман 50 ҳазор сом (720 дулор) пешниҳод шуд. Ман он замон ба ин маблағ ниёз доштаму мушкилотамро бо он ҳал кардам ва медонистам, ки кӯдакам дар дасти одамони боэътимод аст",- нақл кард зан.

Пас аз даҳ сол ин зан мехоҳад духтарашро ёбаду баргардонад, вале мутмаин аст, ки фарзандаш ӯро нахоҳад бахшид.  

 

 

Барчаспҳо:
Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ