20:01 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Встреча министров иностранных дел Таджикистана и Кыргызстана в г. Душанбе

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон равобити дусӯяро баррасӣ карданд

© Фото: Информационная служба МИД РТ
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
2210

Дидори вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон 12 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, дирӯз бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷидин Аслов дидор кардааст.

Ба гузориши хадамоти матбуотии ВУХ ҶТ, Аслов ва Абдилдаев дар ин дидор дурнамо ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву ҳуманитарӣ, аломатгузории марз ва таҳкими заминаи қарордодӣ — ҳуқуқии равобит баррасӣ карданд.

Вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи вазъи минтақа низ табодули афкор намуда, бар зарурати таҳкими беш аз пеши ҳамкориҳо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрам дар равобити дуҷониба таъкид карданд.

Мавзуъ

Жээнбеков дурнамои ҳамкории Қирғизистон бо Тоҷикистонро чигуна мебинад?
Муборак шавад: Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистонро шодбош гуфт
Сооронбой Ҷээнбеков раисҷумҳури Қирғизистон мешавад
Қазоқистон интихоботи раисҷумҳурии Қирғизистонро назорат намекунад
Барчаспҳо:
Вазорати умури хориҷии ҶТ, Эрлан Абдилдаев, Сироҷидин Аслов, Тоҷикистон-Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ