20:01 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Флаг Республики Корея

Як шаҳрванди Қазоқистон дар Куреи Ҷанубӣ муттаҳам ба таҷовузи ҷинсӣ шудааст

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
76 0 0

Нерӯҳои интизомии Куреи Ҷанубӣ як шаҳрванди Қазоқистонро ба иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ дастгир кардаанд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии Қазоқистон дастгир шудани як шаҳрванди ин кишвар ба иттиҳоми таҷовузи ҷинсиро таъйид кард. 

"Мо тайид мекунем, ки Нерӯҳои интизомии Куреи Ҷанубӣ як шаҳрванди Қазоқистонро ба иттиҳоми таҷовузи ҷинсӣ дастгир кардаанд. Ҷузъиёти ин қазияро ниҳодҳои бозҷӯии Куреи Ҷанубӣ ошкор накардаанд, то дар амалиёти бозҷуст халале нарсад", — гуфт намояндаи хадамоти матбуотии ВУХ Қазоқистон.

Вай гуфта, ки консули Қазоқистон бо хешовандони он шаҳрванд, вакили мудофеъаш ва додситони куреӣ ҳамвора дар тамос аст.

"Сафорати Қазоқистон дар Куреи Ҷанубӣ ин қазияро пайгирӣ дорад", — гуфт намояндаи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон.

 

Мавзуъ

ВУД: мудири меҳмонхонаи пойтахт барои ташкили фоҳишахона дастгир шуд
Раҳматилло Зойиров: маро дубора лату кӯб карданд
Барчаспҳо:
таҷовузи ҷинсӣ, дастгир шудан, Қазоқистон-Куреи Ҷанубӣ

Мавзӯъҳои асосӣ