20:01 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Масҷид, акс аз бойгонӣ

Дар Узбакистон таълими Қуръон ва забони арабӣ ба роҳ монда мешавад

© Sputnik
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Давраҳои омӯзишии китоби муқаддас ва забони арабиро Раёсати мусалмонони Узбакистон созмон додааст, ки он беш аз 1 500 сомонӣ арзиш дорад

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Расонаҳои Узбакистон иттилоъ доданд, ки дар кишвар давраҳои омӯзишии Қуръон ва забони арабӣ созмон дода мешавад.

Давраҳои омӯзиширо Раёсати мусалмонони кишвар дар ҳамкорӣ бо ҳукумати шаҳру ноҳияҳо баргузор хоҳад кард, ки он ройгон нест.

Ҳамин тавр, арзиши давраҳои омӯзишӣ 1 500 000 сум ё зиёда аз 1500 сомон мебошад.

Давраи аввали омӯзишӣ аз моҳҳои декабри соли равон оғоз меёбад. Илова бар ин гуфта мешавад, ки дар як гурӯҳ бояд на зиёда аз 15 толибилм қабул шавад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳрҳои калони Узбакистон иҷоза шудааст, ки  азон баланд садо диҳад.

Ҳоло танҳо дар масҷидҳои пойтахти Узбакистон ва бархе аз маркази вилоятҳо иҷоза шудааст, ки азон тавассути баландгӯяк ба самъи сокинон расонида шавад.

Пештар расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ дода буданд, ки имомхатибони узбакистонӣ ба раисҷумҳури кишвар Шавкат Мирзиёев муроҷиат карда, хоста буданд, ки ба онҳо иҷоза диҳад, азонро баланд бигӯянд.

Дар кишвар дар пайи даҳ сол мамнуъ буд, ки азон тавассути баландгӯяк садо диҳад.

Барчаспҳо:
забони арабӣ, Қуръони Карим, таълим, Раёсати мусалмонони Узбакистон, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ