02:02 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Афганистан, Кабул, архивное фото

Муовини раисҷумҳур: Афғонистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пуштибонӣ сипосгузор аст

© Sputnik / Vladimir Rodionov
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
33 0 0

Русия чун шарики қудратманди Афғонистон нақши муҳимме дар рушди иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақаи Осиёи Марказӣ дорад, мегӯяд муовини дувуми раисҷумҳури Афғонистон Сарвар Дониш

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Сарвар Дониш, ки дар ҳафтумин ҳамоиши иқтисодии ҳамкориҳои минтақаӣ барои бозсозии Афғонистон дар Ишқобод суханронӣ мекард, бар нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар ин барнома таъкид кард.

Вай бар ин бовар аст, ки Кобул метавонад ҳама монеъаҳоро пушти сар гузошта ва роҳро барои ҳамкориҳои муассири иқтисодӣ бо як рӯйкарди муштараку масъулиятшиносонаи минтақаӣ ҳамвор кунад.

"Дар ин росто, мехоҳам таъкид кунам, ки афзун бар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия низ чун шарики нерӯманди мо нақши муҳимме дар рушди иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақаӣ дорад", — таъкид кард муовини дувуми раисҷумҳурии Афғонистон.

Сарвар Дониш аз Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Урупо, Амрико ва НАТО барои пуштибонӣ аз Афғонистон дар ҷанг бо теруризм сипосгузорӣ кард.

Ҳамзамон Тоҷикистон аз ҷамъ омадани теруристҳо ва бунёди урудугоҳҳояшон дар вилоятҳои шимолии Афғонистон нигарон шудааст.

Чанде пеш муовини аввали вазири дифоъи ҶТ Эмомалӣ Собирзода гуфта буд: "Тамаркузи гурӯҳҳои мусаллаҳи созмонҳои байналмилалии теруристӣ, ки дар миёнашон шаҳрвандони кишварҳои узви СПАД низ ҳастанд, ва сохтусози урдугоҳҳои омодасозии ҷангҷӯён дар вилоятҳои шимолии Афғонистон бисёр нигаронкунанда аст".

Вай бо ишора ба размоиши Нерӯҳои муштараки Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ дар Тоҷикистон афзуд, ки дар чунин шароите вокуниши СПАД ба буҳронҳо барои Душанбе бисёр муҳим аст.

Дар размоиши Нерӯҳои муштараки СПАД, ки ҳамзамон дар панҷ размоишгоҳи Вазорати дифоъи Тоҷикистон наздик ба марз бо Афғонистон баргузор мешавад, равишҳои ҷангу набард бо корбурди ҷангафзорҳои сангин, ҳавопаймоҳо ва нерӯҳои падофанди ҳавоӣ тамрин карда мешаванд.

Мавзуъ

Кумитаи амнияти миллии ҶТ: мақомоти Афғонистон дурӯғ мегӯянд
Муовини вазири дифоъи ҶТ: Душанбе аз камингирии ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон нигарон аст
Амрико ба намояндагони Маҷлиси Афғонистон раводид намедиҳад
Вазорати нақлиёти Афғонистон: омодаем бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунем
Барчаспҳо:
Сарвар Дониш, Русия-Афғонистон-Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ