05:41 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Председатель правительства РФ Дмитрий Медведев, архивное фото

Русия ҳеч монеъе барои пайвастани Эрон ба созмони Шонгҳой намебинад

© Sputnik / Александр Астафьев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
68 0 0

Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев гуфт, Маскав ҳеч монеъе барои пайвастани Эрон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой намебинад

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Дмитрий Медведев дар нишасти расонаӣ пас аз анҷоми ҷаласаи Шурои раисони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой дар Маскав ин матлабро гуфт.

"Пеш аз ин Эрону Афғонистон солҳо нозири Созмони ҳамкории Шонгҳой будаанд. Агар дар бораи тасмими Эрон сухан бигӯем, мо пеш аз ин ҳам назари худро гуфта будем ва ҳеч монеъе барои пайвастани Эрон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой аз назари вазъияти ҷорӣ намебинем", — гуфт нахуствазири Русия.

Вай ёдоварӣ кард, ки пештар масоили марбут ба ҳаллу фасли масоили барномаи ҳастаии Эрон монеъ аз пайвастани ин кишвар ба СҲШ мешуд, аммо акнун ин монеъ бартараф шудааст.

"Ёдоварӣ мекунам, ки пайвастани аъзои нав ба Созмони ҳамкории Шонгҳой ба сурати ҳамоҳанг ва тасмими маҷмаъ сурат мегирад ва ин равиш табиӣ аст. Аз ин рӯ буд, ки раванди пайвастани Покистону Ҳинд ба ин созмон низ тулонӣ шуд", — афзуд Дмитрий Медведев.

Нахуствазири Русия гуфт, ки пайвастани Эрону Афғонистон, ки дархости узвият дар ин созмонро кардаанд, низ ҳамин равандро тай хоҳад кард.

Ҳамакнун Созмони ҳамкории Шонгҳой Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Покистон ва Ҳиндро дар бар мегирад.   

Мавзуъ

ВКХ Русия: Эрон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой хоҳад пайваст
Иттиҳоди бозор ва пайкор бо теруризм: дастоварди нишасти Созмони ҳамкории Шонгҳой
Созмони ҳамкории Шонгҳой Ҳинду Покистонро ҳам дар бар гирифт
Расонаҳо: Тоҷикистон намехоҳад Эрон ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бипайвандад
Сергей Лавров: акнун Эрон низ метавонад ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бипайвандад
Сарони ВУХ кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Остона нишаст доранд
Ҳамкориҳои амниятии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой баррасӣ мешаванд
Барчаспҳо:
Созмони ҳамкории Шонгҳой, Дмитрий Медведев, Русия-Созмони ҳамкории Шонгҳой

Мавзӯъҳои асосӣ