21:59 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Американские военнослужащие в Афганистане, архивное фото

Сафорати Русия дар Афғонистон: Амрико бояд аз дурӯғҳояш шарм дорад

© Flickr/ U.S. Army / Staff Sgt. Jason Epperson
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
69 0 0

Сафорати Русия дар Кобул мегӯяд, амрикоиҳо ғафлат карда, ба дурӯғҳои худ бовар кардаанд ва бояд хиҷолат бикашанд, ки кори фармондеҳии низомии онҳо дар Афғонистонро ду хабарнигор иҷро мекунанд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ин нуктаҳо дар як эъломияи сафорати Русия дар Кобул дар посух ба як матлаби хабаргузории "NBC News" баён шудаанд.

Чанде пеш "NBC News" дар як гузориш аз забони Ҷон Никулсун, фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон гуфт, ки Русия Толибонро қонунӣ карда, онҳоро бо нафту пул ва силоҳ таъмин мекунад ва изҳороти Толибону матолиби матбуоти озодро далел меорад. Никулсун мегӯяд, ки Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар амри саркӯби ДОИШ ва мубориза бо маводи мухаддир манфиати умумӣ доранд.

Дар вокуниш ба ин изҳорот сафорати Русия дар Кобул дар эъломияе, ки рӯнавишташ ба Sputnik фиристода шуда, гуфт:

"Интишори ин хабар аз сӯи "NBC News" ва бознашри он дар бархе аз расонаҳои Афғонистон ва нашри эъломияҳое аз сӯи "матбуоти озод" ин тасаввуро падид меорад, ки "амрикоиҳо акнун дигар ғафлат карда ва ба дурӯғҳои худ бовар кардаанд, зеро чунин хабарҳо танҳо ва танҳо сохтаи дасти расонаҳои амрикоиву инглисӣ, аз ҷумла CNN, The Times, NBC News ва дигарҳо ҳастанд".

Сафорат ингуна ахборро, ки расонаҳои ғарбӣ ба кор мебаранд "дурӯғин" ё "fake news" хонда ва ёдоварӣ карда, ки "ошкорсозии ин хабарҳои дурӯғин барои коршиносони умури сиёсӣ ва расонаӣ кори чандон душвор нест".

"Тааҷҷубовар аст, ки чаро ин мавзуъ муҷиби шакку тардид намешавад, ки як хабарнигори ғарбӣ (муҳим нест, ки аз кадом телевизион ва нашрия бошад) метавонад ба Афғонистон омада ва бисёр ба осонӣ бо "Толибон" тамос барқарор менамояд, ки содиқона нақшаҳои икмолоти кумакҳо, муҳим нест маводи нафтӣ ё аслиҳаро, бо он хабарнигор шарик месозанд. Аммо ҳатто пас аз инчунин таҳқиқоти дақиқ, ҳеч кас барои ошкорсозт, аксбардорӣ ва нобудии он, ба истилоҳ, "корвонҳои нафтбар" иқдом накардааст, ки бо убур аз марзи Афғонистон дар ихтиёри Толибон қарор мегиранд", — гуфта мешавад дар ин эъломия.

"Дар воқеъ қазия комилан рӯшан аст. Ҳечгуна корвоне аслан вуҷуд надорад ва ин сару садоҳои расонаҳои ғарбӣ дурӯғе беш нестанд. Чунин хабарҳову гузоришҳо бар адами тамоюли мутлақ ва ё адами нотавонии муттаҳидин ғарбии Кобул дар пирӯзӣ бар душман ва поёни ҷанг дар Афғонистон далолат мекунанд", — таъкид шудааст дар баёнияи сафорати Русия дар Кобул.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки "агар фармондеҳии низомии Амрико дар Афғонистон бар воқеияти матолиби мақолаҳои расонаҳои ёдшуда таъкид мекунад, пас Ҷон Никулсун бояд аз амалкарди Нерӯҳои муштараки мустақар дар Афғонистон хиҷолат бикашад, ки бо он ҳама ҳавопаймоҳои ҷангандаву бесарнишин ва зиреҳпӯш муваффақ ба анҷоми коре нашудаанд, ки ду хабарнигори хориҷӣ дар як дидорашон аз Афғонистон анҷом додаанд". 

Мавзуъ

Сарҳанги нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон кушта шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар СММ аз вазъи Афғонистон ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ гуфт
Дар Афғонистон мардум худ ба ҷанг бо ДОИШ бархост
Сафири Русия аз ҳамлаи теруристҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҳушдор дод
Муовини раисҷумҳур: Афғонистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пуштибонӣ сипосгузор аст
Барчаспҳо:
Сафорати Русия дар Афғонистон, Русия-Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ