Мардум рафтори домодро дар тӯйи ҷияни Алишер Усмонов муҳокима дорад

© instagram / familyhopestyleCвадьба племянницы Алишера Усманова
Cвадьба племянницы Алишера Усманова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рафтори домод Важа Узаковро, ки ҳангоми рақс бо арӯс Гани Усмонова пироҳани ӯро лагад зад ба муҳокима кашиданд

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамоно аксҳои арӯсии ҷияни Алишер Усмонов Гани Усмоноваи 24-сола ва Важа Узакови 29-соларо дар интренет паҳн ва муҳокима доранд.

Ёдоварӣ мекунем, ки арӯсӣ дар шаҳри Тошканд баргузор шуд. Домоду арӯс рӯзи муҳимтаринии ҳаёташонро дар тарабхонаи бошукӯҳе бо ширкати ситораҳои эстрада гузарониданд.

Публикация от Paolo Garau Salis (@paolo_garau_salis) Дек 2 2017 в 3:56 PST

 

Меҳмонони ин ҷашн аксҳо ва наворҳои зиёдеро аз ин арӯсӣ бо ҳештеги #vazhaganya дар интернет паҳн кардаанд.

Таваҷҷӯҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоиро рафтори домод ба худ ҷалб кард.

Домод пас аз рақс бо арӯс шлейфи пироҳани арӯсиро лагад зада мегузарад.

"Ин чӣ гап, бо тамоми қувва лагад зад", — мегӯяд бо тааҷҷуб яке аз корбарони шабакаи иҷтимоӣ.

"Аҷиб, чаро ӯ дар ҳузури ҳама пироҳани арӯсро лагад зад", — менавсиад дуюмӣ.

"Балеее! Як ҳаракат ва ба монанди Фрейд", — мегӯяд бо ҳазл дигаре.

Бархе аз корбарони интернет хулоса карданд, ки "домодро ба зӯрӣ хонадор" мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0