05:36 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Хати барқ. Акс аз бойгонӣ

Дар Боку ба татбиқи лоиҳаи CASA-1000 баҳои баланд доданд

© Sputnik / Сергей Мальгавко
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
43 0 0

Ширкаткунандагони ҳамоиши "Қалби Осиё - Раванди Истамбул" ба татбиқи лоиҳаи CASA-1000 баҳои баланд доданд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ ҶТ, рӯзи аввали фасли зимистон дар шаҳри Боку ҳамоиши 7-уми вазирони корҳои хориҷии "Қалби Осиё — Раванди Истамбул" зери унвони "Амният ва алоқаҳои иқтисодӣ барои тақвияти минтақаи Қалби Осиё" доир гардид.

Дар он кишварҳо ва созмонҳои иштирокчии "Қалби Осиё — Раванди Истамбул" ширкат варзиданд.

Ба иттилоъи манбаъ, ҳамоиш бо суханронии ифтитоҳии раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев ва кишвардори Афғонистон Ашраф Ғанӣ баргузор гардид.

Дар кори конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ширкат кард.

"Дар рафти ҳамоиш иштирокдорон татбиқи лоиҳаи CASA-1000-ро, ки дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши муассир дорад, баҳои баланд доданд", —омадааст дар хабарнома.

Александр Князев, архивное фото
© Фото: из личного архива Александра Князева

Муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон суханронӣ карда, мавқеи усулии Тоҷикистонро ҷиҳати зарурати таъмини сулҳу субот дар кишвари ҳамсоя иброз намуд.

Дар ин росто, аз талошҳои Тоҷикистон, ҷиҳати ҷалби Афғонистон ба ҳамгироии минтақавӣ, ки аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ роҳандозӣ шудаанд ва шароити заруриро барои ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ва дар маҷмуъ минтақа фароҳам меоваранд, таъкид гардид.

Дар ҳамоиш пешниҳоди Тоҷикистон, ҷиҳати баргузории Ҳамоиши 9-уми вазирони Қалби Осиё — Раванди Истамбул дар соли 2019 дар шаҳри Душанбе иброз гардид.

Ин иқдом аз ҷониби иштирокчиёни конфронс ба як овоз қабул гардид, менависад манбаъ.

Барчаспҳо:
ВУХ-и Тоҷикистон, Озарбойҷон, Боку

Мавзӯъҳои асосӣ